+
Действующая цена700 499 руб.
Товаров:
На сумму:

Электронная библиотека диссертаций

Доставка любой диссертации в формате PDF и WORD за 499 руб. на e-mail - 20 мин. 800 000 наименований диссертаций и авторефератов. Все авторефераты диссертаций - БЕСПЛАТНО

Расширенный поиск

"Семь красавиц" Низами и создание поэмы о Бахраме Гуре

  • Автор:

    Музаффарова, Шахло Мирзобадаловна

  • Шифр специальности:

    10.01.03

  • Научная степень:

    Кандидатская

  • Год защиты:

    1999

  • Место защиты:

    Душанбе

  • Количество страниц:

    170 с.

  • Стоимость:

    700 р.

    499 руб.

до окончания действия скидки
00
00
00
00
+
Наш сайт выгодно отличается тем что при покупке, кроме PDF версии Вы в подарок получаете работу преобразованную в WORD - документ и это предоставляет качественно другие возможности при работе с документом
Страницы оглавления работы

МУНДАРИНА
Мудаддима
БОБИ I. ПАЙДОИШИ ДОСТОНИ БАЕРОМ ВА ТАДАВВУЛИ ОН ТО ФИРДАВСЙ
1.1. Щахсияти таърихии Бахроми Гур
1.2. Пайдоишн достони Бадром на ташаккули он дар аддп игломй . - 24' БОБИІІ. ДОСТОНИ БАХРОМИ ГУР ДАР "НЮХІ К)МЛ”-И
ФИРДАВСЙ - у:. А.. Р . а:;-'
И, 1, Мазмун ва сужети достон дар “Шщнома”
II. 2. Мувофикати достони Фирдавсй бо ахбори таърихй ва адабй
II. 3. Образи цадрамонон ва ибтикори Фирдавсй
БОБИ III. ДОСТОНИ НИЗОМЙ ДАР БОРАИ БАХРОМИ ГУР ВА
ХУСУСИЯТХОИ БАДЕИИ ОН
III. 1. Сабаби таълифи достой ва сарчашмадои он
III. 2. СОЗМОНИ ВОХЕОТИ АСАР
а) Банду басти достон
б) Хатти сужет
III. 3. Надши Бадром дар достон
III. 4. ГУЗОРИШИ МАСЪАЛАХОИ ГОЯВЙ ВА ИДТИМОЙ ДАР
ДОСТОН
а) Масъалаи шоди ормонй
б) Тадассуми гуманизми асри миёна
ХУЛОСА
ФЕХРИСТИ АДАБИЁТИ ИСТИФОДАШУДА
МУКАДДИМА-
Низомии Ґанчавй яке аз бузургтарин шоирони Озарбойчон ва симохои боризтарини адабиёти форсу точик аст, ки бо мактаби адабии хеш дар тахаввули маснависарой накдіи бузурге гузошта ва анъанаи “хамсасароии у танхо дар адабиёти форсй-точикй, балки дар байни намояндагони назми узбек, турк, озарй ва гайра низ пайравони зиёде пайдо кардааст. Мактаби адабии Низомй дар тахаввули равобити адабй ва умуман чараёни адабиёти мар-думони Шарк низ накши муассире гузоштааст. Дар бораи накши мактаби маснависароии Низомй чунин санаде низ гувох аст, ки дар пайравии “Хамса”-и у аз асри XIII то интих,ои к,арни XIX дар худуди 300 шоири форсизабон, турк, озарй ва узбек маснавихо суруданд 19., 12.1 ва факат дар мавзуи “Лайлй ва Мачнун”-и у 116 шоир маснавй эчод кардааст./56., 117/.
Шахсияти Низомй ва хунари адабии у хануз аз карни XIII диккати таз-киранигорон ва муаллифони осори адабию таърихии карнхои миёнаро ба худ чалб намуда ва ахбори нахустинро дар бораи у ба таври мухтасар Мухаммад Авфй дар “Лубоб-ул-албоб” овардааст, ки инро Е.Э.Бертелс низ таъйид ме-намояд. Дар асархои XIII - XIY Закариёи Кдзвинй дар “Ачоиб - ул - мах-лукот”, Давлатшохи Самаркандй дар “Тазкират - уш - шуаро”, Домй дар “Бахористон” ва муаллифони дигар дар осори адабию таърихии худ маълумо-те додаанд, ки дар онхо аз ахбори Авфй истифода гардидааст. Доир ба та-таббуоти шуарои кдрнхои XIII - XIX ба маснавихои Низомй ва накши мактаби адабии у дар тазкирахои “Майхона”-и Фахруззамонй ва “Хафт осмон”-и Ого Ахмад Алй низ маълумоти муфиде дода шудааст. /9., 35., 80
Тахкикд ахволу осори Низомй- дар тахлили мазмуну мундаричаи “Хамса”-и у дар Аврупо ва Русия аз интихои карни XIX ofo3 гардида ва дар ин мавзуъ осори зиёди илмй-тадкикотй таълиф гардидааст. Алокамандони Аврупо бори нахуст ба тавассути навиштаи мусташрики фаронсавй д’ Эрбели бо намунахои осори Низомй шиносо гардидаанд ва дар бораи осори шоир маълумоти нахустинро Руссо ва Скот Доринг додаанд. 19., 84/. Шаркшиноси маъруф Хаммер Пургшталь дар “Таърихи адабиёти форсй”- и худ, ки соли 1818 дар Вена нашр гардид, дар бораи шархи холи Низомй ахбори нисбатан муфассале дода, баъзе кисматхоро аз “Хамса” интихобан тарчума кардааст. /25/.

Соли 1871 мусташрики Мачористон В.Бахор асари пурарзиши худ “Хаёт ва эчодиёти Низомй”-ро ба табъ расонд, ки он натичахои тадкикоти чиддии у дар ахволу осори шоир чамъбаст гардида, бори аввал чараёни зин-дагй ва фаъолияти адабии Низомиро то андозае равшан намуд. /104/. Дар тули солхои минбаъда низ дар Аврупо ва Русия асару маколоти зиёде дойр ба рузгору осори Низомй таълиф гардиданд, ки дар байни онхо таълифоти мусташрики рус Е.Э. Бертеле дорой арзиши назарраси илмй мебошад. Хануз соли 1938 тадкикоти у ба номи “Шоири бузурги Озарбойчон - Низомй” анчом ёфт, ки дар он кисмати волои бадеии осори шоир барои хонандагон муаррифй карда шудааст./35/.
Тадкику тахлили рузгори осори Низомй алалхусус аз солхои баъди Чанги дуюми чахонй ривочи тозае ёфта дойр ба масъалахои мухталифи хаёт ва эчодиёти шоир осори зиёди илмй-тадкикотй навишта мешаванд. Е.Э. Бертеле дар асари худ “Низомй ва Фузулй”, ки соли 1962 нашр гардид, масъалаи накши мактаби адабии Низомй* дар тахаввули достонхои ишки-романтикиро ба миён гузошта, аз чумла 42 маснавиро номбар менамояд, ки дар пайравии “Махзан-ул-асрор” - и Низомй гуфта шудаанд /Зб.с.204/. Хамчунин дар асари мазкури Бертеле масъалаи накши “Лайлй ва Мачнун”-и Низомй дар осори шуарои минбаъдаи форсу точик то андозае барраей гардидааст. Е.Э. Бертеле дар тадкикоти дигари худ “Навой ва Домй” низ зимни тахлили “Садди Ис-кандарй”-и Домй дар бораи адабии сужети мазкур дар осори Фирдавсй, Низомй, Амир Хусрав ба таври муфассал таваккуф намудааст. /35/.
Дар тахлилу тадкики киёси “Хусраву Ширин”-и Низомй ва достони хамноми шоири форсизабони Хинд Амир Хусрави Дехлавй адабиётшиноси озарй Г.Ю. Алиев корхои зиёдёро ба сомон расонида ва соли 1960 ба номи “Ривоят дар бораи Хусраву Ширин дар адабиёти халкхои Шарк” монографияе нашр намуд, ки ивдоми мухим дар низомишиноей буда, дар чалби диккати донишмандон ба омузиши киёсии мавзуъ ва мундаричаи маснавихои Низомй ва нашри интикодии осори у накши мухимро ичро намуд /10/.
Дар бораи масъалахои мухталифи марбут ба интишори мавзуъ ва мундаричаи маснавихои “Хамса”-и Низомй тадкикоти арзишманди дигаре бо калами мухаккикони Озарбойчон, Гурчистон, Узбекистон, Туркманистон аз кабили Т. Алиева, Т. Магерамов, А. Рагимов, Д. Сасаниян, М.Т.Мамаца-

Хаме гуфт чанде зи ороми у,
Зи болову пахнову андоми у.
Чу бинмуд Бахром баргашту рафт,
Хиромон бад-он бешаи карг тафт.
Камонро ба зех кард марди чавон,
Ту гуфтй хаме хор гирад равон.
Биёмад давон то ба наздики карг,
Пур аз хашм cap, дил нихода ба марг.
Камони каёнй гирифта ба чанг.
Зи таркаш баровард'тири хаданг.
Бизад тир, борид хамчун тагарг,
Дамодам хаме то гамй гашт карг.
Чу донист, к-ÿpo саромад замон,
Барохехт ханчар ба чои камон.
Сари каргро паст бубриду гуфт:
Ба номи худованди беёру дуфт.
Ки у дод моро чунин фарру зур,
Ба фармони у тобад аз чарх ХУР- /І.с.603-604/.
Аз вокеоте, ки дар “Таърихй Табарй” ва “Тачоруб-ул-умам” баён шуда-анд ва то марги Бахром ба вукуъ пайвастанд, яке он аст ки вазири у Мехрнарсй писари Бароза бо чил хазор сипохй аз чониби Бахроми Typ ба Рум фиристода мешавад, то дар масъалаи бочгузории румиён ва итоати ощо ба кишвари Эрон бо сарони Рум гуфтугузор намояд. Мехрнарсии вазир бо супо-риши Бахром ба Кустантия рафта ва бо бузурги Рум сулх намуда, тамоми су-поришоти Бахромро ичро менамояд ва ба Эрон боз мегардад. Дар зимни ах-бори Мехрнарсй Табарй инчунин дар бораи фарзандони ин вазир ва хоса дар бораи се фарзанди номдори у - Заровандод, Мочашнис ва Корд маълумот ме-дихад, ки аз онхо яке ба мансаби Хирбадон Хирбад расида дигаре вазифаи сардори девони хирочи Бахромро ба ухда дошт ва савумй солори бузурги си-похи Эрон буд ва хонаводаи Мехрнарсй дар Эрон бо номи Мехрнарсиён маъруфияте дошт.
1 Вокеаи дигаре, ки дар “Таърихи Табарй” омада, охирйн сафари харбии Бахром будааст, ки ба Судон вокеъ шуда ва Бахром дар он чо чанги сахт кар-

Рекомендуемые диссертации данного раздела

Время генерации: 0.212, запросов: 967