+
Действующая цена700 499 руб.
Товаров:22
На сумму: 10.978 руб.

Электронная библиотека диссертаций

Доставка любой диссертации в формате PDF и WORD за 499 руб. на e-mail - 20 мин. 800 000 наименований диссертаций и авторефератов. Все авторефераты диссертаций - БЕСПЛАТНО

Расширенный поиск

Мухаммадхусайни Ходжи и поэтика его газелей

  • Автор:

    Мухиддинова, Дилбар Темуровна

  • Шифр специальности:

    10.01.03

  • Научная степень:

    Кандидатская

  • Год защиты:

    2010

  • Место защиты:

    Душанбе

  • Количество страниц:

    181 с. : ил.

  • Стоимость:

    700 р.

    499 руб.

до окончания действия скидки
00
00
00
00
+
Наш сайт выгодно отличается тем что при покупке, кроме PDF версии Вы в подарок получаете работу преобразованную в WORD - документ и это предоставляет качественно другие возможности при работе с документом
Страницы оглавления работы

МУНДАРИЧД
Мукаддима
Боби I. Мухаммадхусанни Х,оди ва мероси адабии у.
I. 1. Зиндагиномаи Х,одн
I. 2. Осори Мухаммадхусайни Хрдй
Боби И. Газалиёти Х,одй ва авзони онхо
II. 1. Мавкеи газал дар эдодиёти Х,одй
П. 2. Бахрхои аслй дар газалиёти Х,оч,й
II. 3. Бахрхои фаръии газалиёти Х,одй
II. 4. Еазалхои дубахра
Боби III. Крфияву радиф ва санъатхои бадеии газалиёти Х,одй
III. 1. Крфия дар газалиёти Х,одй
III. 2. Радиф дар газалиёти Х,одй
III. 3. Баъзе хусусиятхои саноеи бадеии газалиёти Х,одй
Хулоса
Китобнома

МУКАДЦИМА
Ахамияти тахкик;. Аз нимаи дуввуми асри XIX cap карда бар асари тасарруфи Россия дар хаёти сиёсй ва идтимоии халкхои Осиёи Миёна тагйироти дидцй ба вукуъ омад ва он дар хаёти фархангии халкд тодик низ таъсири амик, расонд. Ин холат сабаби пайдоиши адабиёти маорифпарварии тодик гардид, ки пешоханги он Ахмадмахдуми Дониши Бухорой (1826 - 1897) буд. Бар асари Индилоби аввали рус (солхои 1905 - 1907) ва харакатхои озодихохии Эрону Туркия (1905 - 1912), афзоиши муносибатхои тидоратй ва ворид гардидани воситахои иттилоотй аз хориди мамлакат муносибатхои фархангй, сиёсй ва идтимоии домеаи тодикон дар ибтидои асри XX боз хам кувват гирифт. Ин тахаввулот дар таърих бо номи харакати дадидия маълум аст (3, 18 - 158; 108, 24 - 98; 132, 167 - 210).
Хдракати дадидия дар Самарканд ва Бухоро ба бедорй ва худшиносии миллй нигаронида шуда буд ва максаду мароми он ташкил намудани мактабхои нав, омухтани забонхои хоридй, нишон додани сабабхои пешрафти давлатхои таракдикардаи аврупой ва ба ин восита баланд бардоштани сатхи зиндагии домеа ба шумор мерафт. Ин гоя дар эдодиёти адибоне чун Сиддидии Адзй, Тошходаи Асирй, Мирзо Сироди Хдким, Садридцин Айнй, Абдулвохидци Мунзим, Абдуррауфи Фитрат, Ахмадхони Хдмдй, Сахбо, Махмудходаи Бехбудй равшан инъикос ёфта буд.
Дар баробари ин, дар охирхои асри XIX ва ибтидои садаи XX чун Зуфархон Давхари, Надибхони Туграл, Содикходаи Гулшанй, Саидахмади Васлй, Мухаммадхусайни Х,одй шоироне буданд, ки аз водеахои идтимоии давр дар канор буданд. Ин гурухи шоирон дар сабку услуб ва тасвир анъанаи адабиёти классики ва махсусан данбаи ирфонии онро идома дода, дар пайравии Низомй, Саъдй, Дофиз, Домй ва Бедил барин шоирони бузурги гузашта асар эдод мекарданд.
Дар адабиётшиносии шуравии тодик азбаски гояхои харакати дадидия ва дараёни ирфониву фалсафии тасаввуф мухолифи сиёсати

дукумати шурой ва мафкураи ходим махсуб мешуд, даёт ва эдодиёти адибони ибтидои асри XX мавриди тахлилу таддиди дидции адабиётшиносон дарор нагирифт.
Баъди Истикдолияти Тодикистон махдудиятхои сиёсй ва мафкуравй дар омузишу баррасии осори гузаштагон аз миён бардошта шуд ва бахри таддиди муфассали хаёт ва эдодиёти адибони ахди дадидия имконияти мусоид фарохам омад. Ба хар дол адабиёти ахди дадидияи тодик ва намояндагони он дисман аз тарафи адабиётшиносону пажухандагоне чун Е. Э. Бертеле, X. Мирзозода, И. С. Брагинский, Н. Маъсумй, Р. Хрдизода, М. Шадурй, С. Табаров, С, Асадуллоев, X. Асозода, А. Махмадаминов, М. Радабй, М. Имомов, П. Гулмуродзода ва дигарон мавриди таддид дарор гирифтаанд. Вале мухаддидони номбурда аксаран ба хаёт ва, эдодиёти адибони доирахои адабии шахрхои марказй чун Бухоро, Самарданд ва Худанд таваддуд зохир намудаанд, хол он ди ба гуфти адабиётшинос А. Абибов «танхо дар охирхои аерхои XVIII, асри XIX ва ибтидои асри XX аз сарзамини тодшеон зиёда аз 400 нафар шоирон дар майдони адабиёт хунарнамой кардаанд, ки девони ашъор ва осори дигари адабии аксарияти ондо хол о дастраси мо шудааст» (27, 6).
Яке аз шоирони маъруфи охирхои асри XIX ва ибтидои асри XX, ки аввал дар Бухоро тахеил ва эдод карда, баъд ба доираи адабии Хатлон пайвастааст, Мухаммадхусайни Ходй мебошад. Дар суханронии Президента мамлакат мухтарам Эмомалй Радмон бахшида ба дашни 2700 - солагии Кулоб мавдеъ ва манзалати Мухаммадхусайни Х,одй дар назми тодид чунин таъкид ёфтааст: «Хусусан мадсули эдоди Мир Сайид Алии Хдмадонй, Мавлоно Одил, Бисмил - Мулло Бурдон, Мирзо Радаб, Мадмудходаи Балдувонй, Шамсиддин Шохин, Х,одй Мухаммадхусайни Кангуртй ва бисёр дигарон дар адабиёти тодиду форс мадому манзалати баландро касб кардаанд» (95, 6).
Бояд гуфт, ки Мухаммадхусайни Хрдй шоир, ориф ва хаттоти модир мебошад ва аз у то имруз Куллиёт ва рисолаи «Ашколи хутути

ба санаи вафоти Абдулкуддусдон ишора мекунад, ки ба соли 1327д. (1909м.) рост меояд. Ва ин талафоти нахустин (хешро мекуштам аз бас як писар гум кардаам) барои падар хеле гарон буд.
Абдулададдон бошад, чи хеле ки аз байти:
Хар мане дар чордах ояд ба меъроци калюл,
Дар ма^иман чорда^ро вацти нуцсон доштй (22!, 334)-бармеояд, дар 14-солагй вафот кардааст ва боз маълум; мешавад, ки Абдулададдон хосили умри давонй, яъне фарзанди кал они будааст.
Аз осори бодимондаи Додй 13 таърихнома ба мо расидаанд, ки онхо ба муайян кардани санаи бунёди Масдид, Мадраса ва даммон дар Кулоб, Балдувон, Х,исор, инчунин соли туйи хонадорй ва фавти шахсиятдои алодида бахшида шудаанд.
Шоир амали савобу наку кории шахсиятдои алодидаи дороро дар роди абадии мамлакат ва бедбудии даётн фардангй васф. карда, бо хамин таваддуди дамзамононашро ба адлу адолат ва хайру саховат далб менамояд. Масалан, «Таърихи масдиди Неъматуллод бий дар Кулоб» бо чунин мисраъхо ofo3 мешавад:
Дауон, ки мазраае %аст, эй хуцаста писар,
Барои касби камолесту ибтилои башар.
Хуш он касе, ки дар ин дор буцъае бин^од,
Ки гашт захираи явмалцазову ситри сафар (22, 337).
Ин таъриххо, ки ба солдои 1319д. (1908м.), 1323д. (1905м.), 1327х. (1909м.), 1328д. (1910м.)... рост меоянд, гуводи онанд, ки шоир дар ин солдо дар Кангурт умр ба cap мебурдааст.
Аз осори Додй Дусайн, инчунин, понздад номаи мансур ва як номаи манзум боди мондаанд, ки ондо ба амалдорон, дустони шоир ва фозилони давр ирсол шудаанд ва аз дидати услуб душворписанд буда, фарогири масъаладои гуногуни зиндагй мебошанд. Аз ин мактубдо маълум мешавад, ки Додй Дусайн чун шоир ва шахси тадводору пешвои илму тарикат дар миёни арбоби сиёсату дукумат ва адли фардангу мардуми меднатй содиби эдтиром ва эътибору обру будааст.

Рекомендуемые диссертации данного раздела

Время генерации: 0.217, запросов: 1318