+
Действующая цена700 499 руб.
Товаров:
На сумму:

Электронная библиотека диссертаций

Доставка любой диссертации в формате PDF и WORD за 499 руб. на e-mail - 20 мин. 800 000 наименований диссертаций и авторефератов. Все авторефераты диссертаций - БЕСПЛАТНО

Расширенный поиск

Спортивная терминология современного персидского языка

  • Автор:

    Мухаббатов, Абдулфазл

  • Шифр специальности:

    10.02.22

  • Научная степень:

    Кандидатская

  • Год защиты:

    2007

  • Место защиты:

    Душанбе

  • Количество страниц:

    202 с.

  • Стоимость:

    700 р.

    499 руб.

до окончания действия скидки
00
00
00
00
+
Наш сайт выгодно отличается тем что при покупке, кроме PDF версии Вы в подарок получаете работу преобразованную в WORD - документ и это предоставляет качественно другие возможности при работе с документом
Страницы оглавления работы


МУНДАРИЧД
Мухаддима
Боби 1. Масоили назарй ва амалии истилохсозй ва бозтоби он дар истилохоти варзишии забони форсии муосир
1.1. Масоили назарии истилохот
1.2. Масоили амалй
Боби 2. Роххои рушд ва ташаккули истилохоти варзишии забони
форсй
2.1. Истилохоти асили варзишии забони форсй
2.2. Истилохоти иктибосии варзишй
2.2.1. Идтибосоти варзишии забони арабй
2.2.2. Икдибосоти варзишии аврупой
2.2.3. Иктибосоти аврупоие, ки дар шакли озод вориди забони форсй шудаанд
2.2.4. Иктибосоти варзишии туркй ва мугулй ва соири
забонхои Шарк;
2.2.5. Иктибосоти варзишии забонхои дигар
2.3. Истилохоти варзишии калкашуда
2.4. Тагйироти маъной
Боби 3. Вожасозй ва ташаккули истилохоти варзишии забони
форсии муосир
3.1. Забони форсй ва вижагихри вожасозии он
3.2. Истифодаи вандхр
3.2.1. Вандхри вожасозй забони форсии имруза
3.2.2. Тавассути пешвандхр сохта шудани истилохрти
варзишй
3.2.3. Тавассути пасвандхр сохта шудани истилохрти
варзишй
3.3. Истифодаи нимвандхо
3.4. Вожасозии бидуни вандй (транспозитсия)
3.4.1. Табдил шудани сифат ба исм
3.4.2. Табдил шудани сифати феълй ба исм
3.4.3. Табдил шудани феъл ба исм
3.5. Мураккабшавй
3.5.1. Истилохрти варзишй дар колаби коппулятивй
3.5.2. Истилохоти варзишии детерминативй
3.5. Мураккабшавй
Хулоса ва натидагирихо
Фехристи адабиёт

МУКЛДДИМА
Х,ар як забон дорой даврахои ташаккули таърихй буда ва ин даврахои таърихй бо доштани вижагихои овой, грамматикй ва лугавй метавонанд аз Хам тафовут дошта бошанд, ки инро таърихи забони форсй дар мисоли осори даврахои таърихй собит месозад. Дар иртибот ба ин яке аз мавзуъхои мухими ташаккули лугати забон дар хар давраи таърихй проблемаи истилохот дар мачмуъ ва ба вижа истилохоти сохахои гуногуни ичтимоии чомеа ба шумор меравад.
Омузиш ва тахлили хишри лугавй-истилохотии забони форсй бо таваччух ба масоили фавкулзикр аз чумлаи он масоили забоние махсуб мегардад, ки хануз хам ба таври кофй чи дар зроншиносии чахонй ва чи дар худи Эрон мавриди омузиш ва тахдил карор нагирифтааст.
Истилохоти варзишии забони форсй аз чумлаи он масоиле махсуб мешавад, ки то кунун таваччухи мухавдикону пужухишгаронро ба таври бояду шояд ба худ чалб накардааст. Дуруст аст, ки дар Эрон рочеъ ба анвои мухталифи варзиш як теъдод таълифоте ба табъ расидааст, ки умдатан чанбаи иттилоотй дошта, масоили забонй то чое аз назари ин муаллифон дур мондаанд. Яке аз масъалахои мубрамияти мавзуъ аз нигохи забоншиносии муосир маврди тахкик ва тахдили маъной ва сохторй кдрор нагирифтани истилохоти варзишй мебошанд. Бо таваччух ба воридшавии истилохоти фаровони варзишии байналмиллалй дар забонхои чахон мавзуи танзим ва дар колабхои суннатй сохтани истилохоти варзишй ва истифода аз имконоти забони форсй дар интихоби истилохоти байналмиллалй ва дарёфти муодилхои муносиб ва мувофик дар колабхои забони форсй ва бад-ин рох ташаккул додани истилохоти мазкур аз мухимтарин вазифахои забоншиносии эронй хохад буд.
Интихоби мавзуъ бинобар авомили фавк ва далоили зер лозим ва зарурй дониста шуд:

- тахдили дамачонибаи истилодоти варзишии забони форсии муосир;
- омузиши истилодоти варзишии забони форси дар раванди умумии рушду тадаввули забони форсии муосир;
- ташхиси чигунагии луготу истилодоти варзишии форси ва иктибосй;
- муайян кардани колабдои вожасозй ва имконоти корбурди ондо дар сохтани истилодоти варзишй;
- кумак ба омузандагон ва донишчуёни забони форсй ва дамчунин забони тодикй дар чидати ошноии комил ба таркиби лугавии забон;
- мусоидат дар муназзам сохтани истилодоти варзишии забони форсй ва точикии имруза.
Вазифадои асосии рисола иборатанд аз:
- тафкик ва ё чудо намудани истилодоти варзишй аз миёни дигар луготу истилодоти забон;
- омузиши таркиб ва сохтори истилодоти варзишй;
- мушаххас намудани маънои истилодоти варзишй ва дар иртибот ба ин гурудбандй намудани ондо;
- муайян намудани истилодоти асили варзишии забони форсй, накши иктибосоти варзишй ва истилодоти аз тарики тарчумаи калима ба калима ё калка ба вучуд омада ва дамчунин накши тагйири маъной дар ин раванд;
- тахдили накши васоили дастурй (грамматикй) дар раванди истилодсозй ва истилодоти варзишй;
- баррасии истилодоти варзишии забони форсй дамчун манбаи омузиши лексикологияи таърихии забони форсй;
- адамияти истилодоти варзишй чидати такмили истилодоти содоти мухталиф.

адабй» ба чоп расид. Дар маколаи мазкур муаллиф зидди хдргуна ифротгарой дар масъалаи ислохоти забон баромад намуд. Ба назари у таъвизи калимахо ва таъбирхои иктибосй, ки дар забони форсй мавк,еи устувор пайдо намудаанд бо калимахои матруки форсй хамчунон карохат дорад, ки агар, фаразан, чунин суннатхои дини зардуштй ба мисли партофтани часади фавтидагон ба назди парандагони вахшй ва никох миёни хешовандони наздикро дубора эхё кунанд. Такизода даъват ба амал меоварад, ки Фархангистони забон ва адаб ифтитох гардад, лугати калимахои арабие, ки дар забони форсй тасбит шудаанд, мураттаб гардад, хамчунин лугатномаи иктибосоти фарангй, ки таи 100 соли охир вориди забони форсй шудаанд, мураттаб ва истеъмоли калимахои нави авропой бидуни ичозаи Фархангистон мамнуъ эълом гардад. Хдмзамон бо ин Такизода мухолифати худро алайхи пуризми давлатй, ислохсозии забон аз боло тавассути дастурхо ва эхсосоти миллигарона ва гайра пинхон намедорад. Чунин рафтори Такизода ба доирахои хоким маъкул набуд ва шумораи навбатии мачалла аз фуруш мусодира шуд ва уро ба чанд чурм, аз чумла иртичой будан муттахам. намуданд.
Яке аз дигар намояндаи барчастаи чараёни пуристй дар Эрон, донишманди шинохта ва арбоби чамъиятй ва аввалин раиси Фархангистони забон ва адаб Фуругй мебошад, ки дар суханронихо ва маколоти худ аз Такизода пуштибонй намуда таъкид мекард, ки ба ислохоти забон на бояд обуранги сиёсй ва мазхабй дода шавад, у мегуфт мо даъват ба поксозии забон аз иктибосоти бечои бегона намуда, мукобили хар гуна ифротгарой мубориза мебарем, ки бо ин муносибати худро бо арабхо, ба дини ислом, ба урупоихо иброз намедорем.
Каме дертар Фуругй афкор ва акидаи худро дар мавриди ислохоти забон ва масоили марбут ба он дар китоби «Пайам бе фархангестан» иброз дошт, ки ба назари сохибназарон ин яке аз бехтарин корхои он замон дар иртибот ба тамоюлоти пуризми забонй махсуб мегардад

Рекомендуемые диссертации данного раздела

Время генерации: 0.232, запросов: 967