+
Действующая цена700 499 руб.
Товаров:
На сумму:

Электронная библиотека диссертаций

Доставка любой диссертации в формате PDF и WORD за 499 руб. на e-mail - 20 мин. 800 000 наименований диссертаций и авторефератов. Все авторефераты диссертаций - БЕСПЛАТНО

Расширенный поиск

Трансформация персидско-таджикского рубаи в арабской поэзии (XI - XIII вв.)

  • Автор:

    Нуриддинова, Шахло Исломовна

  • Шифр специальности:

    10.01.03

  • Научная степень:

    Кандидатская

  • Год защиты:

    2009

  • Место защиты:

    Душанбе

  • Количество страниц:

    186 с.

  • Стоимость:

    700 р.

    499 руб.

до окончания действия скидки
00
00
00
00
+
Наш сайт выгодно отличается тем что при покупке, кроме PDF версии Вы в подарок получаете работу преобразованную в WORD - документ и это предоставляет качественно другие возможности при работе с документом
Страницы оглавления работы

донишгохи МИЛЛИИ ГОНИКИСТОН
Бо хукуки дастнавис
Нуриддинова Шахдо Исломовна
ИП ГИКОЛИ РУБОИИ ФОРСЙ - ТОДИкЙ БА ШЕЬРИ АРАБИ
(АСРХОИ XI - XIII)
10. 01. 03. - АДАБИЁТИ ХАЛЦХОИ МАМОЛИКИ ХОРИДЙ (АДАБИЁТИ ТОДИК).
РИСОЛА
барон дарёфти дарачаи илмии номзади илмхои филологй
РОХБАРИ ИЛМИ: доктори ИЛМХОИ филологй Абдушукур Абдусатторов
ДУШАНБЕ-2009
мундаррща
МУКДЦДИМА
БОБИ І. ЗАМИНАХОИ ПАЙДОИШИ РУБОЙ БО ЗАБОНИ АРАБИ
1.1. Заминаои чамъиятй
1.2. Заминах,ои адабй
БОБИ П. ТАШАККУЛИ РУБОЙ БО ЗАБОНИ АРАБЙ ДАР
АСРИ XIII
2.1. Рубоиёти арабии шоирони форсигу
2.2. Низомудцин ал-Исфахонй ва интишори рубой дар
шеъри арабй
2.3. Интикрли рубой ба адабиёти араб
БОБИ III. УСЛУБ ВА БАДЕИЁТИ РУБОИЁТИ АРАБЙ
3.1. ХУСУСИЯТХОИ ЖАНРЙ.
а) Мухтассоти вазни рубоиёти арабй
б) Кофия ва радиф
3.2. Услуб ва бадеиёти рубоиёти арабй
ХУЛОСА
ФЕХРИСТИ АДАБИЁТ
МУКАДДИМА
Рубой яке аз кадимтарин ва маъмултарин жанрхои адабиёти форсу тодик буда, дар хама даврахои таърихи адабиёт мавкеъ ва макоми волои худро дар миёни долабхои дигари шеърй аз даст надодааст. Жанри рубой, алалхусус, дар мархалаи ташаккул ва тахаввули худ - дар асрхои X - XV ба авди аълои инкишофи худ расида, шуарое аз кабили - Рудакй, Унсурй, Фаррухй, Абусаид Абулхайр, Анварй, Ходонй, Хайём, Махастй, Бобо Афзал, Шайх Аттор, Мавлавии Румй, Абдурахмони Доми ва дигарон намунахои олии ин навъи шеърро ба вудуд овардаанд.
Омузишу тактики рубой низ хану з аз асрхои ХІ-ХІІ огоз гардида, маълумоти нахустин дар бораи баъзе хусусиятхои жанри ва бадеии он, дар «JI угати Фурс»-и Асадии Тусй (31), «Х,адоид-ас-сехр фй дадоик-аш-шеър»-и Рашидаддини Ватвот (184), «Тардумон-ал-балота»-и Мухаммади Родуёнй (118), «Чахор мадола»-и Низомии Арузии Самарканді! (126) пайдо шуда, минбаъд дар осори Шамси К,айси Розй (193), Х,усайн Воизи Кошифй (103) ва дигарон такмилу тавсиа дода шудааст.
Бо ин хама бояд гуфт, ки тахкики илмии рубой дар нимаи дуюми асри XIX дар Аврупо бо саъйи Эдвард Фитсдералд, ки соли 1865 рубоиёти Хайёмро ба забони англисй тардумаи озоди бадей намуда, бори нахуст бо адади 250 нусха аз хисоби худ чоп кард, огоз ёфтааст. Баъдтар ин тардума чунон муваффакияте пайдо кард, ки то соли 1926 139 маротиба ба табъ расид. Х,арчанд ки асари Фитсдералд асари сирф адабй буда, тадкикоти илмй махсуб намегардид, вале ахамияти он дар он зохир мешуд, ки ба василаи рубоиёти Хайём дикдати мухаккидон ва хонандагони Аврупоро ба тахкики ин жанри лирикии форсу тодик далб намуд ва таваддухи

эчодиёти шоирони форсигуи карнхои Х-ХІІ маршалам ташаккули худро тай намуда, дар асри XIII ба назми арабй рох, ёфтааст ва дар девонх,ои шуарои араб чун Бахоуддин Зухайр, Ибн ал-Фориз, Ибн ал-Арабй ва дигарон рубоиёти арабй пайдо шудаанд.
Метавон гуфт, ки яке аз мархалахои нахустини татбиди авзони форси дар шеъри арабй сурудани ашъори муламмаъ ба забонхои форсиву арабист, ки бо намунахои он хан уз дар эчодиёти шуарои ахди Сомониён мувочех мегардем. Дар ин давра теъдоди ашъори ба забонхои арабй ва форсй гуфташуда харчанд нисбат ба даврахои мутааххир кам аст, вале намунахои ба дастомадаи онхо низ баёнгари кудрат ва тавоноии шуарои ахди Сомониён дар эчоди ашъори муламмаъ мебошад. Ин гуна шеърхо низ аз лихози фасохат ва нахваи баён аз ашъори арабигуён ва хатто худи аъроб низ камй надоранд ва чавобгуи тамоми кавонини шеъри араб мебошанд. Ин навъ ашъорро аз лихози тартиби мисраъхо ва таквини абёти онхо метавон ба якчанд навъ чудо намуд. Ба навъи аввал метавон он ашъори муламмаъро шомил намуд, ки танхо як мисраи онхо ба арабй гуфта шудааст ва он мисраи арабй голибан масали соир, ояти куръонй, хадиси набавй ва сухани хикматомез аст. Чунончи дар абёти зерини Робиа бинти Каъб мисраи охир: «Фа ман такаббара явман фабаъда иззин залл» ба гумони голиб масали соири арабист:
Маро ба шик, уаме муутамал кунй ба унял,
Чи уучцат opü neutu Худой азза ва цалл.
Хар оина на дуруг аст он чи гуфт уаким:
«Фа ман такаббара явманфа баъда иззин залл.»
(«Он ки рузе такаббур кард, баъди иззат ба хорйрасид»)
(195,75)
Ё дар байти зерини Абуалии Даддод, ки тибди тасдиди худи гуянда, мисраи дуюми арабй хадиси Пайгомбари ислом аст:

Рекомендуемые диссертации данного раздела

Время генерации: 0.268, запросов: 967