+
Действующая цена700 499 руб.
Товаров:
На сумму:

Электронная библиотека диссертаций

Доставка любой диссертации в формате PDF и WORD за 499 руб. на e-mail - 20 мин. 800 000 наименований диссертаций и авторефератов. Все авторефераты диссертаций - БЕСПЛАТНО

Расширенный поиск

Саид Нафиси - исследователь жизни и творчества Рудаки

  • Автор:

    Гаффоров, Мизроб Джалилович

  • Шифр специальности:

    10.01.03

  • Научная степень:

    Кандидатская

  • Год защиты:

    2009

  • Место защиты:

    Душанбе

  • Количество страниц:

    177 с.

  • Стоимость:

    700 р.

    499 руб.

до окончания действия скидки
00
00
00
00
+
Наш сайт выгодно отличается тем что при покупке, кроме PDF версии Вы в подарок получаете работу преобразованную в WORD - документ и это предоставляет качественно другие возможности при работе с документом
Страницы оглавления работы

АКАДЕМИЯИ ИЛМХОИ ДУ М У І’ИИ 10Д ИКИС'ТОН ИНСТИТУТИ ЗАБОН ВА АДАБИЕТИ БА НОМИ РУДАКЙ
Бо хукми дастнавис
Гаффоров Мизроб Далилович
САЙД НАФИСЙ - МУХАВДЩИ АХ ВОЛ ВА ОСОРИ РУДАКЙ
Ихтисос: 10.01.03 Адабиети халкхои мамолики хоридй (адабиети точик)
Рисола барон дарефти дарадаи илмии номзади илми филология
Рохбари илмй Узви вобастаи АИ ДТ Доктори илми филолгия Муллоахмадов Мирзо
Душанбе
мук;аддима
Устод Саид Нафисй аз донишмандони барчастаи Эрон буда, замоне ба фаъолият шуруъ кард, ки адабиётшиносии Эрон давраи махсусро аз cap мегузаронд. Хусусияти асосии адабиётшиносии ин давраи Эрон аз он иборат буд, ки бо хифзи анъанахри кадима ба усулхои тозаи тахдик гароиш пайдо мекард. Назари суннатй бо афкори чадиди адабиётшиносй омезиш ёфта, рохи фарох ва судмандро барои мухаккикони огох ва пуё боз менамуд. Фаъолияти адабй ва илмии устод Саид Нафисй аз ин мачро чудо набуд. У яке аз меъморон ва асосгузорони афкори тозаи адабй ва равиши нави тахкик, дар таърихи адабиёти муосири Эрон буд. Хдмчунин як давраи комили чамъоварй, тасхеху танкех ва табъу нашри осори адабию таърихй иртибот бо фаъолиятхои фидокоронаи матншиносии у дорад. Бинобар ин хам омузиш ва тахкики хаёт ва фаъолияти ин «шоир, нависанда, мухакдики пуркор ва бузурги асри мо» (61, 45) барои муайян намудани вежагихои хаёти адабии давраи зисти ин донишманд, ба хусус адабиётшиносии ин давра арзишманд аст.
Шахсияти илмиву адабии Саид Нафисй, ба кавли Абдулхусайни Зарринкуб, чанд буъде дорад. Вай хам муаррих аст, хам мунаккид ва хам нависанда. Суханони зерини донишманди факид Абдулхусайни Зарринкуб дар шинохт ва арзёбии шахсияти инсонй ва хайсияти хунарии Саид Нафисй гирехкушои хубест: «Ин чандбуъдй будани шахсияти адабии вай сабаб шудааст, ки Нафисй на адиб ва мунаккиди содае бошад, на муарриху нависандаи маъмулй. Таърихнависии у ранги адибй ва наккодй дорад ва нависандагии у аз чошнии муаррихй ва адабй холй нест ва албатта дар хеч як аз ин абъод наметавон уро бо микёси

маъмулй санчид» (61, 45). Саид Нафисй аз чехрахои намоёни илму адаби асри XX буда, дар рох,и омузиши таърихи адабиёти форсу точик, тасхеху танкех ва табъу нашри осори гузаштагон ва омузиши афкори ичтимоиву таърихии точикону эрониён сахми бузург гузоштааст. Вай дар тахдики масъалахои назарй ва методии адабиёти гузашта ва муосири форси низ хидмати бедарег кардааст.
Хидматхои Саид Нафисй дар таърихи фарханги Эрон бо ин махдуд намешавад. Вай ба маънои томи сухан бунёди адабиётшиносй ва матншиносии кунунии Эронро ниход. Ба кавли академрік Бобочон Бафуров, тайри кобили тасаввур аст, ки брітавон дар бораи таърихи адабиёти кухан ва андешахои ичтимой ва адабиётшиносии Эрон бидунрі мурочиат ба осори Саид Нафисй тадкики илмй ба амал овард. Бобочон Бафуров хануз ибтидои солхои хафтод масъалаи дакиккорона омухтани эчодиёти ганию бузурги Саид Нафрюиро ба миён гузошта, аз чумла, дар маколааш «Саид Нафисй-донишманд ва нависандаи барчастаи Эрон» таъкид мекунад, к и «доираи таваччухоти Саид Нафисй он кадар васеъ ва мутанаввеъ ва он кадар амик ва зиёд аст, ки дар оянда бояд чандин чилд китоб барон камубеш ташрехи онхо навишт, то битавон фаъолиятхои хамачонибаи уро чунон тавсиф кард, ки арзиши сахми бузурги у дар пешрафти адабиёт ва адабиётшиносии Эрон дар карни бистум ошкор шавад» (173, 5).
Х,амин тарик, омузиши ахвол ва осори адабию илмии ин донишманд, назарияхои илмиву адабй, мохияти тадкикоташ, усул ва сабки тадкикаш, мазмуну мухтавои осори офаридааш ва сахми у дар омузиши масоили таърихи адабиёт хеле мухим буда, барои инкишофи илми адабиётшиносй, ба хусус равнаки фаъолияти мухаккикони чавон судманд мебошад.
Махсусан чехраи Саид Нафисй дар илми Рудакишиносй макоми хос дорад. У аз аввалин шахсиятхое буд, ки дар ин чабха

мешиносем, «он чо хутуте дар чехраи худ» меёбем, «ки харгиз то он гох, надида» будем.
Назари идтимой ва интикодии Сайд Нафисй пахдуи дигари «пардае, ки сохтаи уст». У ва даххо даламкашони онзамонаи Эрон дар ин назар пардадори вок,еияти рузгор буданд. Вокрияте, ки султан беш аз бистсолаи он бархе аз суханварони озодро аз миён бурд, лабх,ои гурухеро духт ва бархе аз сари изтирор ё хости дил ба дониби кудрати хоким майл карданд. Шояд хамин водеият буд, ки Хонларй, С.Нафисй ва даххои дигарро барон зинда мондан ба хорид аз кишвар бурд, вале абадан не. Онхое, ки дилашон барон Эрон месухт, бозгаштанд. Аз думла, Хонларй мегуяд:
Fyp6aT фусурд дону бифарсуд тан маро,
Эй боли орзу, бирасон то Ватан маро.
Х,амин «боли орзу» Сайд Нафисй ва Хонлариро аз Порис ба Ватан овард. Хдр ду ба тахкик ва тахрир машгул шуданд. Вале Сайд Нафисй, ки хамчун суханвар наметавонист дар дил умеди беасос ва бепоя парварад, бо таьлифи осори пурарзиши илмй шуълаи умеди созандаро дар дилаш зинда медошт. Диди идтимоии у муводехи ин казия буд: «масъалаи гуруснагии дахонй, тахдиди бумбхои атомй, бегонагии башар аз худ, инхо масъалае аст, ки агар cap то сари адабиёти моро дар бар нагирад, дойи тааддуб аст».
Сайд Нафисй аз хамин дидгох ба вокеияти атрофаш «менигарист» дар шеърхои дигар, монанди «Эй офтоб», «Зиндаи довид», «Кдсидаи пмрй» ва гайрахо аз умеди намурда ёд мекунад.
Зимнан бояд гуфт, ки аксари онхое, ки дар бораи Сайд Нафисй ва эдодиёти у андешидаанд, уро дар шоирй муваффак, надонистаанд. Ба ин акида метавон кисман мувофик; буд ва

Рекомендуемые диссертации данного раздела

Название работыАвторДата защиты
Низами и грузинская литература Алиева, Дилара Алекперовна 1984
Жанрово-тематические особенности очерков Фазлиддина Мухаммадиева Шоев, Махмудхон Эргашевич 2003
"Легенда веков" Виктора Гюго в контексте романтического мифотворчества Полякова, Екатерина Львовна 2009
Время генерации: 0.297, запросов: 967