+
Действующая цена700 499 руб.
Товаров:
На сумму:

Электронная библиотека диссертаций

Доставка любой диссертации в формате PDF и WORD за 499 руб. на e-mail - 20 мин. 800 000 наименований диссертаций и авторефератов. Все авторефераты диссертаций - БЕСПЛАТНО

Расширенный поиск

"Хизонаи омира" Мир Гулямалихана Азада как источник изучения истории персоязычной литературы IX-XVIII вв.

"Хизонаи омира" Мир Гулямалихана Азада как источник изучения истории персоязычной литературы IX-XVIII вв.
  • Автор:

    Каландаров, Хоким Сафарбекович

  • Шифр специальности:

    10.01.03

  • Научная степень:

    Кандидатская

  • Год защиты:

    2005

  • Место защиты:

    Душанбе

  • Количество страниц:

    165 с.

  • Стоимость:

    700 р.

    499 руб.

до окончания действия скидки
00
00
00
00
+
Наш сайт выгодно отличается тем что при покупке, кроме PDF версии Вы в подарок получаете работу преобразованную в WORD - документ и это предоставляет качественно другие возможности при работе с документом
Страницы оглавления работы
"АКАДЕМИЯМ ИЛМХОИ ЧУМХУРИИ ТОЧИКИСТОН Институти шаркшиносй ва мероси хаттй 
Устоди рохнамо: номзади илмхои филология Алимардонов А.

АКАДЕМИЯМ ИЛМХОИ ЧУМХУРИИ ТОЧИКИСТОН Институти шаркшиносй ва мероси хаттй


«Хизонаи омира» хамчун сарчашмаи омУзиши таърихи адабиёти форсизабони асрхои 1Х-ХУ1И
барои дарёфти дарачаи илмии номзади илмхои филология аз рУи ихтисоси 10.01.03 «Адабиёти халкхои мамолики хорич» (адабиёти точик)

Ба хукми дастнавис

Каландаров Хоким Сафарбекович


Р И С О Л А

Устоди рохнамо: номзади илмхои филология Алимардонов А.


ДУШАНБЕ
Мундарича
Мукаддима с

Боби І. Вазьи хаети сиесию фархангии Хинд дар асри XVIII


Боби II. Хаети Мир Гуломалихони Озоди Билгиромй ва мероси адабии У
Боби III. Таркиб ва хусусиятхои тазкираи «Хизонаи омира»
Боби IV. Ахамияти «Хизонаи омира» хамчун сарчашма барон омУзиши таврихи адабиети форсизабон ва пайвандхои адабй
Боби V. Инвикоси акоиди адабиетшиносии Мир
Гуломалихони Озод дар «Хизонаи омира»
Хулоса
НомгУи шоироне, ки шархи хол ва осорашон дар тазкираи «Хизонаи омира» зикр ефтааст

Фехристи манобев ва адабиет

Мукаддима
Дар таърихи тамаддуни форсии нимчазираи Хинд дар тайи карнхо дар риштахои гуногуни илму адаб осори пурарзиш офарида шудааст. Дар байни ин осори гаронбахо тазкира макоми махсусро дорост. Муаллифони тазкирахо моро бо шоирони форсизабон, зиндагии онхо ва таъини появу моя ва ташхиси сабку сухани эшон шинос мекунанд. Дар Хиндустон, ки шумораи зиёди тазкирахо тартиб дода шудаанд, аз дихати фаро гирифтани теъдоди шуаро ва ашъори онхо бартарй доранд. Хакикатан хам макоми тазкиранигорони форсизабони Хинд дар таърихи адабиёти форсу точик бузург аст. «Чи хуш буд, - мегУяд Доктор Шахриёри Накавй, - ки химматхо дар ин рох гумошта мешуд, то наслхои хозир ва ояндаи Эрон аз вучуди ин сармояи азизи адаби порсйдар он диёр огох бошанд» (98, 16).
Баъд аз ташкил ёфтани давлатхои исломй дар сарзамини Хинд, ин кишвар илова бар корхои сиёсй ва мазхабй, ки дар он чо сурат гирифтаанд, аз лихози фунуни адабй ва хунарй низ пеш рафт. Аммо чизе, ки шоёни таваччУх буд, он аст, ки мар думи ин сарзамин парвонавор гирди шамъи адаби форсй мегаштанд ва онро дар анчуманхо бармеафрУхтанд. Тазкиранигорй низ дар Хиндустон тараккй ёфт, ки ин самараи шоирнавозии салотин ва бузургони он сарзамин буд. Форсизабонони Хиндустон осори пурарзишеро ба ёдгор гузоштаанд, ки «Хизонаи омира» яке аз онхост.
Аксарияти мухаккикони таърихи адабиёти классикии форсу точик, ки хавзаи Хинд як чузъи он аст, дар тахкикоту таълифоташон алокамандона ба ин ё он масъала тазкираи «Хизонаи омира»-ро мавриди истифода карор додаанд.
девони арабии иборат аз се хазор байт будани Уро зикр мекунад ва менависад, ки ин девон дар чор чилд соли 1300 дар Хайдаробод мураттаб гардидааст. Девони арабии Еуломалихони Озод, мутаасифона, дастрас нагардид. Mo танхо абёти чудогонаи онро аз тазкираи «Хизонаи омира»-и адиб дар даст дорем. У дар зери сарлавхаи «Зикри Факир Озод» баъд аз баёни шархи холи мухтасари худ ва вазъи осори форсияшон менависад: «Собик гузориш ёфт, ки хомаи факир аз суханони арабй ва форсй гаронмоя аст ва дар офтоби маънй равшан сохиби ду соя ва ин даъво бурхон металабад, лихозо тахрири ашъори арабй хам зарур афтод» (6, 130). Баъдан Еуломалихони Озод 124 байтро аз ашъори арабияш хамчун намуна дар ин тазкира чой медихад.
Асари дигари маълуми Еуломалихони Озод, ки ба забони арабй навишта шудааст, «Мазхар-ул-баракот» мебошад. «Мазхар-ул-баракот» асари сУфиёна буда, иборат аз хафт дафтари дар шакли маснавй иншогардида аст. Дафтари аввалро муаллиф дар соли 1780, дафтархои дуюм, сеюм ва чорумро дар соли 1781 таълиф намудааст. Соли таълифи дафтархои баъдинаи асар маълум нест. Чунон ки мушохида менамоем ин асарро Еуломалихони Озод дар солхои охири хаёташ офаридааст. Пас, метавон хулоса кард, ки вай дар айёми пириаш бо ахли тасаввуф каробату наздикии маънавй дошта, таълимоти ин равияро дар асари мазкур тасвир кардааст. Аз чихати мундарича ин асар хикоятхое, ки ба зиндагонии сУфиён марбут ва инчунин шарх рамзхои ин тарикаро дар бар гирифтааст.
Дар байни осоре, ки Мир Еуломалихони Озод ба забони арабй эчод намудааст, асари «СУбхат ул-марчон фй ашъори Хиндустон», маъруф ба «СУбхат ул-марчон» шУхрати зиёд пайдо кардааст. Муаллиф ин асарро дар соли 1763 таълиф намудааст.

Рекомендуемые диссертации данного раздела

Время генерации: 0.122, запросов: 967