+
Действующая цена700 499 руб.
Товаров:
На сумму:

Электронная библиотека диссертаций

Доставка любой диссертации в формате PDF и WORD за 499 руб. на e-mail - 20 мин. 800 000 наименований диссертаций и авторефератов. Все авторефераты диссертаций - БЕСПЛАТНО

Расширенный поиск

Устная поэзия в традиционной культуре Мазандаранской области Ирана

  • Автор:

    Кеиван Пахлаван Эзатоллах

  • Шифр специальности:

    10.01.03

  • Научная степень:

    Кандидатская

  • Год защиты:

    2013

  • Место защиты:

    Душанбе

  • Количество страниц:

    153 с.

  • Стоимость:

    700 р.

    499 руб.

до окончания действия скидки
00
00
00
00
+
Наш сайт выгодно отличается тем что при покупке, кроме PDF версии Вы в подарок получаете работу преобразованную в WORD - документ и это предоставляет качественно другие возможности при работе с документом
Страницы оглавления работы

ПАЖУ Х.ИШГ ОХ^И УЛУМИ ИНСОНИИ АКАДЕМИЯИ ИЛМХ.ОИ • ДУМХ,УРИИ тони к исто н
Назми шифохи дар суннати фархангии Мозандарони Эрон
10.01.03. - Адабиёти халкхои кишвархои хоричй (адабиёти форси)
РИСОЛА барои дарёфти дарачаи номзади илмхои филологй
Рохбари илмй: доктори илмхои филологй, профессор Рахмонов Равшан Каххорович
Дар асоси дастнавис
Пахлаван Кеиван Эзатоллах
Душанбе

ФЕХ,РИСТ
МУКДДДИМА
БОБИ 1: МУХДТИ ДУБРОФЙ, ТЛ'ЬРИХЙ, ФАРХДНГИИ МОЗАНДАРОН ВА ОМУЗИШИ НАЗМИ ШИФОХ.ИИ ОН
1). Мухити чугрофй, таьрихй ва фархангии Мозандарон
2). Масьалаи омузиш ва пажухиши назми шифохй
дар Мозандарон
БОБИ 2: НАЗМИ ШИФОХ;ИИ МОЗАНДАРОН ДАР МУСИТИ ФАРХДНГИ СУННАТЙ
1). Назми шифохй дар раванди суннатхои мардумй
2). Таьзия ва марсия дар назми шифохии Мозандарон
БОБИ 3: НАЗМИ ШИФОХЙ ДАР НАСРИ ШИФОХЙ ВА НАКЛХОИ МАРДУМЙ
1). Назми шифохй дар афсонахо, достонхо ва
дар бораи шахсиятхои таьрихй
2). Махсусияти сурудхои «толибо» ва «амирй»
Хулоса
Китобнома
МУКАДДИ M A

Мохият. Яке аз масоили бисёр мухим ва умда дар фарханги мардуми (фолкори) кишвархои олам гирдоварй, нашр ва баъдан баррасии ин осори арзишманд аст. Оид ба ин масъала имрузхо дар тамоми кишвархои пешрафтаи дунё тавччух зохир мешавад. Аз чумла, ахиран, дар огози садаи XXI, дар Руссия, ин масъала ахамияти вижае пайдо намудааст [Ниг.: 145; 146; 147; 148].
То ба имруз дар Эрон низ аз чониби пажухандагон корхои зиёде шудааст. Х,ар сол чанд мачмуа аз осори шифохии ин ё он манотик ба нашр мерасад. Яке аз манотике, ки фарханги суннатии худро то ба кунун нигох доштааст ва холо хам бисёр расму оинхо ба таври хамон кадимиааш боки мондааст, ин устони Мозандарони Эрон аст. Метавон ёдовар шуд, ки дар натопчи бо суръат рушд намудани васоити техник чойгохи фарханги суннатии мардум низ дар солхои авохир дигар мешавад. Насли чавон бештар ба падидахои нав ру меоваранд. Аз ин ру гирдоварй, нашр ва баррасии матнхои фолклорй, дар айни замон назми шифохй, мохияти бештар ба худ касб менамояд. Чунки хар маводи фарханги мардум як чихати рузгори мардумро рушан месозад ва баъзе нуктахои рузгори моддй ва маънавии мардумро ошкор менамояд.
Чандин сол аст, ки мо бо гирдоварии фолклорй мардуми устони Мозандарон машгул хастем. Таваччухи моро бештар осори манзум чалб намуд. Ба хусус он осоре, ки тавассути оханг сароида мешавад. Бархе аз мутуни гирдовардаи худро дар китоби «Мусикии Мозандарон» ба нашр расонидем [Ниг.: 45]. Дар ин рисола мехохем рочеъ ба осори манзуми устони Мозандарон, ки дорои гуиши хос мебошанд, сухан бигуем.
Маъмулан мардум ба он мутуни манзуми сода мухаббати зиёд доранд ва онхоро дар раванди фаъолияти рузгори хеш истифода менамоянд, ки ин матнхо дар зиндагй ба хисси онхо, дар хамон мухит бидуни таъсир нест. Барой хамин тахкик ва тахлили ин мутун бисёр

гуиши мозандаронй ва хдм форсии меъёрй суруда шуда, бо ситоиши Мухаммад(с) ва дувоздах имом ба ин тарз шуруъ мешавад:
Туро тоди гули фируза бар cap,
Мурассаъхилату Навруз дар бар,
Аз ин Навруз то Наврузи дигар,
Шуморо соли нав бошад муборак! [45, с.241]
Дар минтакаи Саводкухи Мозандаронй марказй наврузро бо хушй истикбол намуда, наврузхонон сурудхои фавк ва ашъори зиёди манзумро бо оханги мусикй месароянд ва мардумро ба шавк, меоранд.
Пас аз ин мисраъхо бо садои дилнишини охангин, дар колаби мавзун, наврузхонон саргузашти Юсуфро накл менамоянд. Метавонад ин хикояти манзум бо садои суруди дилнишин хамчунон идома ёбад, ки он аз се бахш иборат аст: бахши аввал аз ситоиши паїшамбар, бахши дуюм саргузашти Юсуф ва бахши севум вобаста ба инъом аст. Аз ин ру бахши севум барои наврузхонон мухим аст. Дар ин бахш наврузхонон ашъореро вобаста ба инъом мехонанд ва аз сохибхона такозои «шоли камарй» (миёнбанд), «дастмол» ва ё «порча» мекунад ва ё чизи дигареро барои талаб ном мебаранд.
Гохе чунин мешавад, барои ин ки сохибхонаро бисёр хушхол кунанд, кабл аз он ки дари хонаро бизананд аз хамсояхо дар бораи он хонавода иттилоот мегиранд, ки кумак кунанд то наврузхонон ашъори ба майли сохибхона бударо бихонанд ва инъоми бисёртар дарёфт намоянд.
Инак, хамчун далел як намуна аз суруди вобаста ба дарёфти инъом дар наврузхонии Мозандаронй марказиро, бо гуиши мозандаронй меорем:
Бо гуиши мозандаронй:
Салли Ало Мухаммад,
Салавот бар Мухаммад.

Рекомендуемые диссертации данного раздела

Время генерации: 0.118, запросов: 967