+
Действующая цена700 499 руб.
Товаров:50
На сумму: 24.950 руб.

Электронная библиотека диссертаций

Доставка любой диссертации в формате PDF и WORD за 499 руб. на e-mail - 20 мин. 800 000 наименований диссертаций и авторефератов. Все авторефераты диссертаций - БЕСПЛАТНО

Расширенный поиск

"Чихил хадис" Абдуррахмана Джами и традиция написания сорока хадисов в персидско-таджикской литературе (до XV) века

  • Автор:

    Камолов, Фарухджон Абдукодирович

  • Шифр специальности:

    10.01.03

  • Научная степень:

    Кандидатская

  • Год защиты:

    2012

  • Место защиты:

    Худжанд

  • Количество страниц:

    158 с.

  • Стоимость:

    700 р.

    499 руб.

до окончания действия скидки
00
00
00
00
+
Наш сайт выгодно отличается тем что при покупке, кроме PDF версии Вы в подарок получаете работу преобразованную в WORD - документ и это предоставляет качественно другие возможности при работе с документом
Страницы оглавления работы

ВАЗОРАТИ МАОРИФИ НУМХУРИИ ТОДИКИСТОН ДОНИШГОХИ ДАВЛАТИИ ХУДАНД БА НОМИ АКАДЕМИК Б. ГАФУРОВ
/ Х,укми дастнавис дорад
Камолов Фаррухдон Абдуцодирович «Чи^ил х;адис»-и Абдурра^мони Ч,омй ва аньанаи чихилхддиснависй дар адабиёти форсу тодик (то асри XV)

10.01.03 Адабиёти халдхри мамолики хоридй (адабиёти тодик)
Рисола барои дарёфти дарадаи номзади илмхри филологй
Родбари илмй: доктори илмхои филологй, профессор Умеда Гаффорова
ХУДАНД-2
МУНДАРИЧА
Муцаддима
Боби I Чихилхадиснависй дар фарханги арабй-исломй ва
адабиёти форсу тодик то асри XV
1.1. Ташаккул ва тахаввули арбаинот дар фарханги арабй-исломй
1.2. Пайдоиш ва густариши анъанаи чихил-хадиснависй
дар адабиёти форсу то дик то асри XV
Боби II «Чихил хадис»-и Абдуррахмони Чомй ва арзиши
адабии он
II. 1. Ч,ойгохи аходиси набавй дар эдодиёти Абдуррахмони
Ч,омй
II. 2. Нусхашиносй, нашрхо ва тардумахои «Чихил хадис»-и
Абдуррахмони Ч,омй
II. 3. Сохтор ва мухтавои «Чихил хадис»-и Абдуррахмони
Ч,омй
II. 4. Истифодаи саноеъи бадей дар «Чихил хадис»-и
Абдуррахмони Ч,омй
Хулоса
Фехристи кутуби «Арбаин»-и арабии мутафаккирони
эронитабор
Фехристи «Чихил хадис»-хои форсй
Адабиёти истифодашуда

МУЦАДЦИМА
Ахамияти омузиши мавзуъ. Таъсирпазирии адабиёти форсу тодик аз сарчашма ва аркони исломй аз мархалахои нахустини вуруди ислом ба каламрави забои ва адаби форсй шуруъ гардидааст. Ба хайси меъёр ва асосхои идтимой, сиёсй, иктисодй ва фархангиву маънавй пазируфта шудани дини мубини ислом боис гардид, ки адабиёти бадей хамчун василаи бехтарини тавзеху ташрехи матолиби диниву мазхабй шинохта шавад. Ба таъбири академик Носирдон Салимов «дар заминаи таъсири фарханги исломй насри ахлокии форсу тодик дави гардида, осори мутааддиде дар пояи таъсири ислом ба насри ахлокй ба миён омаданд» (154, 147). Аз суи дигар, барои халкхои эронитабор, ки баъд аз зухури ислом забону фарханги худро то дое хифз намудаанд, адабиёт ба дастгохи маърифатии таргиби гояхои ахлокй ву фархангй пазируфта шуд. Аз замони Рудакй то кунун корбаст гардидани оёти куръонй, аходиси хазрати Мухаммад (с) ва мадмуи суннату оин ва фаризахои дини мубини ислом дар адабиёт роид гардида, дертар равиши истифодаи гунаи арабии оёту аходис дар адабу суханварй хамчун падидаи хунари шоирй ё нависандагй марсум гардид. Баъдтар зухури тасаввуф ва садхо равияву мазохиби ирфонй, падид омадани шахсиятхои барчастаи мазхабй, машоихи сохибкутуб, манокиби суфиён, фарханги ирфонй бо андешаву афкори собиту мустакили хеш, ки дар осори мухталифе тадассум пайдо намудаанд, мадмуан гувох бар онанд, ки мабонии исломй дар тахаввули адабиёти форсу тодик таъсири амик гузоштааст.
Дар замони шуравй гароиш ва хам таваддух ба аркони дини ислом махдуд гардида, ниёзхои махдуди фикрии тобеъ ба гояи ягонаи хизбй адабиётро то андозае аз фархангу тамаддуни исломй канор гузошт. Ин амр Хатто боис бар он хам шуд, ки баррасии андешахои диниву мазхабй, тахдили сабабхои корбурди оёту аходис дар назму наср на танхо аз тадкик берун монад, балки ба аглаби шоирон аз диди танокузи фикрии онхо ба дину оин таваддух зохир гардида, дусторхои илмй дар заминаи пажухиши афкори зиддидинй сурат бигирад. Хдтто бар ин асос китоби маъруфе бо
гуфтори суфиёни дигар аст. Масалан, дар иктибоси зерин дар боби Дунайд чанд матлаб аз хусуси адвол, сифат, зиндагинома ва тафаккури ирфонии ин пешвои мутасаввиф баён шудааст, ки макоми уро хамчун донанда ва ровии аходиси набавй мукаррар мегардонад:
«Абулкосим Умар ибни Ахмад ибни Мукбил хабар дод... Абулкосим Дунайд ибни Мухаммад... аз Абусаиди Худрй ривоят шудааст, ки Расулуллох, (с) гуфтаанд: «Фаросати муъмин бипархезед, ки у ба нури Аллох, азза ва далла, назар меандузад» (119, 6).
Дар мавриди дигар ин ориф хамчун хикояткунандаи ахволу авзои равонии машоихи кабири суфия маънидод мешавад: «...Дунайдро
шунидам, ки мегуфт: «Ба назди Сарии Сакатй даромадам ва ба ман гуфт: Эй Абулкосим, то кай туро курпаи касалихо намепечонад ва то кай аз иёдати ниммурдорй истирохат намекунй ва то кай ба ту дорухои духтурон фонда мекунад, эй Абулкосим, кабратро хазина гардон ва ба он кадам гузор, то он даме ки бар он кодир хастй, ба хайрат дохил шавй, ки ба он кадам мегузоштй» (119, 6).
Дар дои дигар ровиён ва тахкияпардозони ирфонй аз мартабаву арди маънавии Дунайд ва акволи пурхикмати у ёд мекунанд: «Абухасан Ахмад ибни Зизиро шунидам, ки мегуфт: «Ба Дунайд гуфтам»: «Кй дусттарин назди ту»? Гуфт: «Дусттарин назди ман касест, ки сирри Худоро дар ту таъмин намояд» (117, 7). Муаллифи китоб барои мушаххас ва мудаллал тафсир намудани зиндагиву рузгор ва таърихи умри Дунайд ба гуфтори машоих ва ровиёни дигар такя месозад: «Абубакр Мухаммад ибни Ахмад ибни Яъкубро шунидам, ки гуфт: «Дунайд ибни Мухаммад соли 297 вафот кард» (119, 7). Ин аст усули баёни муаллиф аз акволу ахволи суфиён. Ин асари арзишманд манбаи мухиме дар омузиши роху равиш ва сайру сулуки тарикат ва таъриху хаёти ахли тасаввуф ба шумор меравад.
Аз матолиби кутуби «Чихил хадис» бармеояд, ки онхо вазифаи дастуриро низ барои ахли ирфон адо менамоянд, зеро бисёри масъалахои ирфонй ва ташвики маърифат дар ин осор баён гардидааст.

Рекомендуемые диссертации данного раздела

Время генерации: 0.207, запросов: 1766