+
Действующая цена700 499 руб.
Товаров:
На сумму:

Электронная библиотека диссертаций

Доставка любой диссертации в формате PDF и WORD за 499 руб. на e-mail - 20 мин. 800 000 наименований диссертаций и авторефератов. Все авторефераты диссертаций - БЕСПЛАТНО

Расширенный поиск

Персидско-таджикская литература ремесленных кругов (вторая половина XI - XVII вв.)

  • Автор:

    Насриддиниен, Бобишохи Хасанпур

  • Шифр специальности:

    10.01.03

  • Научная степень:

    Кандидатская

  • Год защиты:

    2006

  • Место защиты:

    Душанбе

  • Количество страниц:

    194 с.

  • Стоимость:

    700 р.

    499 руб.

до окончания действия скидки
00
00
00
00
+
Наш сайт выгодно отличается тем что при покупке, кроме PDF версии Вы в подарок получаете работу преобразованную в WORD - документ и это предоставляет качественно другие возможности при работе с документом
Страницы оглавления работы


АКАДЕМИЯМ ИЛМДОИ ЦУМДУРИИ ТОЦИКИСТОН ИНСТИТУТИ ЗА БОН В А АДАБИЁТИ Б А НОМИ
РУД АКИ
Ба уукми дастнавис
Насриддиниён Бобишохи Х,асанпур
Адабиёти уунармандии форсу
[нимаи дуюми асри XI - XVII]
ИХТИСОС: 10.01.03- Адабиёти мамолики хориц іадабиёти тоцик
Рисола номзадй барои дарёфти дарацаи илмии номзадй илмхои
филологи
Роубари илмй: доктори илмуои филологи, профессор Каримов Усмон
Душанбе 2006
МУНДАРИНА Мукаддима
БОБИ I САХМИ АДИБОНИ ХУНАРМАНД ДАР ТАРВИДИ АДАБИЁТ
1.1. Адабиёти доирахои шахриву хунармандй аз миёнахои асри XI то истиллои му гул
1.2. Адабиёти доирахои шахриву хунармандй аз миёнахои асри XIV
то миёнахои асри XV
1.3. Адабиёти доирахои шахриву хунармандй аз миёнахои асри XV
то интихои асри XVII
Боби II 2.1. Анвои адабй дар фаъолияти адибони ахли хунар
2.2. Базал
2.3. Рубой
2.4. Цасида
2.5. Маснавй
2.6. Цитъа
2.7. Муаммо
2.8. Шахрошуб
2.9. Хачву мутоиба
Хул оса
Фехристи адабиёт

МУКАДДИМА
Донишмандони Шарку Барб аз чумла, адабиётшиносони то дик дар тадкик ва тахкики адабиёти классикии форсу точик алхол корхои бузургеро анчом дода, бисёр масъалахои мухимми онро хал кардаанд. Бо вучуди ин, дар тахкики ин адабиёт холо хам корхои зиёде дар пеш аст. Хоса, донишмандон дар тахкики адабиёти доирахои шахрию хунармандй корхои зиёдеро ба сомон расонида бошанд хам, аммо ба таври чиддй ва хамачониба тадкик ва тахкики адабиёти номбурда мухаккикони худро интизор аст.
Муссалам аст, ки марбут ба вокеахои сиёсию ичтимой дар батни адабиёти классикии форсу точик такрибан аз нимахои дуюми асри XI то интихои садаи XVII як равняй тозаи адабиёт, ки онро мухаккикон аз он чумла В. Бартолд, Э. Бертеле, А. Болдиров ва А. Мирзоев, 3. Ворожейкина, А. Афсахзод, С. Саъдиев ва У. Каримов адабиёти доирахои шахрию хунармандй номидаанд, ба вучуд омада, ривоч ёфтааст.
Ин тамоюли адабиёт аз адабиёти классикии суннатй ва ирфонию тасаввуфй тафовут дошта, бештар ба тафаккури бадей, сувари хаёл, доираи биниш ва руху равони офарандагони неъматхои модцй бисёр наздик бошад хам, аммо бо сабабхои муайяни таърихй хеле кам омухта шудааст. Тадкики адабиёти доирахои шахрию хунармандй дар тахкики орзую омол, сувари хаёл ва психологияи бадеии табакаи васеи истехсолгарони неъматхои моддй ёрии бузурге мерасонад.
Аз ин лихоз хам, тахкики фаъолияти адабии ин зумра адибон дар ошкору баркарор кардани вижагихои адабию бадей ва эстететикии давраи муаяйни таърихи адабиёт ёрй хохад дод.
Максади асосй дар ин рисола тадкику тахкики пахдухои мухимми зиндагй, вижагию сувари хаёли осори адибони доирахои шахрию хунармандй аст.
Дар канори ин баррасаию арзёбии корхои мухаккикони марбути ин масъала дар мадди назар меистад. Сипае тарзи нигохи адибони

Аз мазмуни рубони зайли у равшан мегардад, ки Амиршохй марди хушхулку беозор ва боиффате будааст:
Шодам, ки зи май бар дили кас боре нест,
Касро зи ману кори ман озоре нест.
Гар нек шуморанду гарам бад гуянд,
Бо неку бади хеч касам коре нест.
Давлатшох дар бахои ашъори у чунин гуфтааст: «Фузало
мутаффиканд, ки сузи Хусрав ва латофати Хдсан ва нозукихои Камол, ва сафои сухани Хрфиз дар каломи Амиршохй чамъ аст...» [44,10].
Бо вучуди ин Ч,омй ашъори ÿpo: « латиф аст, якдаст ва хамвор бо ибороти покиза ва маънии пурчошнй», мегуяд [42,5]. Ин бахои Ч,омиро аз баъзе ашъор ва абёти Амиршохй низ пай бурда метавонем:
Талх аст бе ту сабр дили гамфузударо,
Натвон чашид доруи ноозмударо.
Бо 6of6oh магу, ки дили гунча хун чарост,
Хондан наметавон вараки нокушодаро.
Шохй, хаёли хос бигу, аз дахони дуст Чун нест лаззате суханони шунидаро [42,11].
Шохй ба мавзуи ишк таваччухи хоса дошта, худро шохи мулки ишк медонад:
То хоки остони чонон макоми мост,
Дар базми айш чурьаи рохат ба чоми мост.
То бар дараш ба хоки мазаллат нишастаем,
Султони чорболиши гардун гуломи мост.
Руи чу зар ба хоки дараш то ниходаем,
Дар мулки ишк сиккаи Шохй ба номи мост [42,17].
Аз маълумоти Давлатшох рочеъ ба мухтасари хасби хол ва ашъори мактабдори варзида ва хаттоти шухратёри замон Мавлоно Симии Нишопурй равшан мегардад, ки Симй марде боистеъдоду донишманд будааст. Аввал дар Нишопур зиста, баъд аз он дар Машхад сокин мешавад. Ба мактабдориву адибй ва хаттотй машгул будаст, дар

Рекомендуемые диссертации данного раздела

Время генерации: 0.227, запросов: 967