+
Действующая цена700 499 руб.
Товаров:
На сумму:

Электронная библиотека диссертаций

Доставка любой диссертации в формате PDF и WORD за 499 руб. на e-mail - 20 мин. 800 000 наименований диссертаций и авторефератов. Все авторефераты диссертаций - БЕСПЛАТНО

Расширенный поиск

Метрика газелей Амира Хусрава Дихлави

Метрика газелей Амира Хусрава Дихлави
  • Автор:

    Тагаймуродов, Рустам Хакимович

  • Шифр специальности:

    10.01.03

  • Научная степень:

    Кандидатская

  • Год защиты:

    2006

  • Место защиты:

    Душанбе

  • Количество страниц:

    207 с. : ил.

  • Стоимость:

    700 р.

    499 руб.

до окончания действия скидки
00
00
00
00
+
Наш сайт выгодно отличается тем что при покупке, кроме PDF версии Вы в подарок получаете работу преобразованную в WORD - документ и это предоставляет качественно другие возможности при работе с документом
Страницы оглавления работы
"
Боби I. Таърихи пайдоиши газал ва бахси авзони он 
3. Газал ва авзони он дар шеъри асрхои X-XII


МУНДАРИДА
Мукдцдима

Боби I. Таърихи пайдоиши газал ва бахси авзони он

1. Пайдоиши газал ва бахси он

2. Аруз ва масоили хостгохи он

3. Газал ва авзони он дар шеъри асрхои X-XII

Боби II. Анвои авзони бахрхои аслй дар газалиёти

Амир Хусрави Дехлавй

1. Дойгохи газал дар эдодиёти Амир Хусрав

2. Корбурди шаклхои солими бахрхои аслй дар

газали Амир Хусрав


3. Авзони шаклхои гайрисолими бахрхои аслй дар газалиёти Амир Хусрав
Боби III. Бахрхои фаръии газалиёти Амир Хусрав
1. Баррасии бахрхои фаръй ва мушаххасоти онхо
2. Корбурди бахрхои фаръй дар газалиёти Амир Хусрав
Хулоса
Китобнома
ВАЗОРАТИ МАОРИФИ ДУМХУРИИ ТОДИКИСТОН ДОНИШГОХ,И ДАВЛАТИИ КУРГОНТЕППА БА НОМИ НОСИРИ ХУСРАВ
Ба хукми дастнавис
Тагаймуродов Рустам Хакимович (
Вазни газалиёти Амир Хусрави Дехлавй
10.01.03 - Адабиёти халкхои мамолики хориди (адабиёти тодик)
Рисола барои дарёфти дарадаи илмии номзади илмхои филологи
- Рохбари илмй:
доктори улуми филолога, профессор Шарипов Худой
Душанбе
МУХАДДИМА
Ахамияти мавзуъ. Адабиёти форсии тодикй, махсусан шеъри оламгири он, бо захираи камназиру хайратовар ва маонии нухуфтаи худ дар масири таърих парчамдори корвони фарханги башарият дар пахнои дахон махсуб мешавад. Ин ганчинаи адабии безавол натанхо дар густурдаи даламрави забони форси ба унвони мероси арзишманд ва такягохи маънавй аз эхтиром бархурдор аст, балки тамоми мардуми рубъи маскун ба азамату шукухи он арч мегузоранд. Ин адабиёт аст, ки аз дер боз бар тораки тамаддуни чахон нигинвор медурахшад ва ашъори шуарои ин каламрав аст, ки аз ибтидо то кунун б а уфукхои дурдасту беинтихо чашм духта, хуршедвор рохи чуяндагони маърифатро рушан месозад.
Бо вучуди он ки адабиёти форсии точикй дорой азамату шукухи чашмгир аст, масоили зиёде дорад, ки то ин дам ба халлу фасли мукаммали онхо аз чониби донишмандон нуктаи таммат гузошта нашудааст. Яке аз хамин кабил масоил мавзуи сохтори хунарии (поэтика) шеъри форсй, хусусан авзони жанри газал дар эчодиёти шоирони алохида мебошад, ки ба он аз чониби мухаккикони адабиёт таваччухи кам зохир шудааст. Бинобар ин, омузиш, тахкик ва баррасии масъалахои мазкур саривактй буда, тахкики онхо натичахои дакики илмй хохад дод.
Мусаллам аст, ки ашъори беш аз хазорсолаи мардуми форситабор бо вазни аруз гуфта шудаву намояндагони ин адабиёт осори манзуми худро бо риояи конуну кавоиди ин вазн офарида, доди сухангустарй додаанд, хамчунин барои тавсиа ёфтани илми аруз дар адабиёти дигар халку миллатхо, аз чумла, арабхо, узбекхо, озарихо, туркманхо ва дигар аквом рохеро хамвор сохтанд. Бинобар хамин, чои он дорад, ки вазни шеъри форсии точикиро, ки мояи ифтихори сохибони он дар адаби
шубда забони форсиро медонистааст ва имкон дорад дар таълифоти хеш аз доидадои авзони шеъри форсй корбурди фаровоне карда бошад.
Дигар аз асноде, ки моро ба маншаи авзони арабй сахт пайванд
набудани вазни шеъри форсии тодикй бовар мекунонад, нахустин
намунахои шеърии он аст, ки то ба замони мо расидаанд. Тадии
Вадидиёни Комёр бо истинод аз китоби Алиашрафи Содидй «Таквини
забони форсй» дар ин бора чунин менависад: «Дар «Таърихи Бухоро»
омада, ки дар соли 56 дидрй (676 м), ки Бухоро ба дасти Саид бинни
Усмон, сардори араб, фатх шуд, подшохи Бухоро дар ин замон хотуне
буд ширину бодамол. Саид бар вай ошид шуд ва ахди Бухоро дар
накудиши у шеърдо сурудаанд, аз чу мл а:
Гу вар хамир омад,
Хо тун дуру г ганда (253,41).
Мухаддиди таърихи забони форсии тодикй, донишманди тодик
Д.Саймиддинов дар мадолаи худ - "Шарди ду пора шеъри кудан аз
сурудадои мардуми Бухоро" родеъ ба мазмуну маънй ва тарзи дуруст
хондани ин суруда издори назар намуда, дар иртибот бо андешадои
мудаддидони эронй, аз думла Абдулдусайни Зарринкуб, Адмадалии
Радой, Алй Ашрафи Радой ва дигарон, ки дойр ба ин масъала адида
рондаанд, манбаъ ва баъзе хасоиси надвии ин ду пора шеърро баррасй
кардааст. Мухаддиди номбурда ёдовар мешавад, ки "муаллифи "Таърихи
Бухоро" ва муаллифони дигар, ки ин достонро овардаанд, ин суруддоро
надл накардаанд. Аммо Абудаъфар Мудаммад ибни Хдбиби Багдодй
(мутаваффо дар 245)... ду пора аз онро ба сурати зер овардааст:
Кури хамир омад,
Хотун дар вагиканда" (226, 5-6).
Забоншиноси мазбур пас аз тавзеди муфассали калимот ва мазмуни ин байт шакли дуюми он, яъне "Кури хамир омад, Хотун дар ваги канда"-ро дурусту садед медонад ва мунтадо ба чунин хулоса меояд:

Рекомендуемые диссертации данного раздела

Время генерации: 0.127, запросов: 967