+
Действующая цена700 499 руб.
Товаров:
На сумму:

Электронная библиотека диссертаций

Доставка любой диссертации в формате PDF и WORD за 499 руб. на e-mail - 20 мин. 800 000 наименований диссертаций и авторефератов. Все авторефераты диссертаций - БЕСПЛАТНО

Расширенный поиск

Лексико-стилистические особенности поэзии Лоика Шерали (полисемия, омонимия, паронимия)

  • Автор:

    Ишанова, Дилоромхон Турсунхановна

  • Шифр специальности:

    10.02.22

  • Научная степень:

    Кандидатская

  • Год защиты:

    2006

  • Место защиты:

    Ходжент

  • Количество страниц:

    144 с.

  • Стоимость:

    700 р.

    499 руб.

до окончания действия скидки
00
00
00
00
+
Наш сайт выгодно отличается тем что при покупке, кроме PDF версии Вы в подарок получаете работу преобразованную в WORD - документ и это предоставляет качественно другие возможности при работе с документом
Страницы оглавления работы

Вазорати маорифи Думхурии Тодикистон Донишгохи давлатии Худанд ба номи академик Б.Гафуров
Ишонова Дилоромхон Турсунхоновна
Хусусиятхои лексикиву услубии назми Лоик Шерали (полисемия, омоним, пароним)
10.02.22. - Забонхои халкхои мамолики хоричи Аврупо,
Осиё, Африко, бумиёни Амрико ва Австралиё (забони точикй)
Рисолаи илми барои дарёфти дарачаи помзади илмхои филологи
Рохбари илмй:- номзади илмхои филологй, профессор Абдукодиров
Абдусаттор
X У Ч А Н Д
МУНДАРИЧД
Мукаддима
Боби якум. Хусусиятхои семантикиву услубии вожахои сермаъно дар назми Лоик
1.1. Сермаъноии вожахои исмй
1.2. Сермаъноии вожахои сифатй ва феълй
Боби дуюм. Хусусиятхои маъноиву услубии омонимхо дар назми Лоик
2.1.Вазифахои маъноиву услубии омонимхо
2.2.Вожахои ба омоним монанд
Боби сеюм. Хусусиятхои маъноиву услубй ва сохтории паронимхо дар назми Лоик
3.1 .Вазифахои лугавию услубии паронимхо
3.2.Таносуби овозии паронимхо
Хулоса
Маъхаз ва манобеи илмй
Мукаддима
Истиклолият ва худшиносии миллй боиси он гардид, ки чомеа, бахусус ахди зиё, дар доираи арзишхои маънавии суннатй ба макому манзалати забон низ жарфтар назар андозад. Маълум шуд, ки забони точикй аз айёми пайдоиши худ дар хама замонхо на танхо ба сифати воситаи мубодилаи афкор, балки хамчун нишони миллат ва неруи муттахидгару пешбари халк, хидмат кардааст, ки ин маънй аз тарафи сарвари давлати Думхурии Точикистон Э.Ш.Рахмонов ба таври зайл арзёбй гаштааст: «Забон, дар хакикат, асоси хастй ва бакои умри миллат аст. Ифтихор аз Батану ватандорй, таъриху фарханг, ифтихор аз миллат ва хувияти миллй, аввалтар аз хама, дар поку бегазанд нигох доштани забони модарй ифода меёбад...Яке аз вазифахои асосй дар давраи истиклолият пуштибонй ва густариши забони давлатй, тахкими макому мартабаи он, аз хисоби захираи забони классикй ва халкй суфтаву ганитар намудани забони адабй, оммафахм сохтани забони нашрияхо, пеш аз хама, китобхои дарсй, забони матбуот ва тоза нигох доштани забони муошират мебошад».( 1)
Кобили таваччух аст, ки истиклолияти Батани мо аз истиклолияти забони миллй маншаъ гирифт. Байрат ва пойкубихои истиклолталаби зиёиёни точик марбут ба забони модарй буд, ки он дар шароити хеле душвор- сиёсати тоталитарии собик, Иттиходи Шуравй амалй гашт. Кдбули конун, ки забони точикиро забони давлатй эълом дошт, кадами нахустин ва чиддй дар рохи истиклолият ба шумор омад.
Дар «Барномаи Х,укумати Думхурии Точикистон дойр ба тавсиа ва рушди забони давлатй ва забонхои дигари каламрави Думхурии Точикистон» чунин баён гаштааст: «Тадбирхое, ки дар Барномаи Хукумат пешбинй шудаанд, шароит ва тахкики хамачонибаи забони давлатй, муайян намудани асосхои илмию усулии омузиши он дар хама навъхои мактаб, муассисахои мактабй ва коллективхои мехнатй, тадвину танзим ва нашри китобхои дарсй ва дастурхои таълим, табъу нашри адабиёт ба

туфу бар гардиши ту!) (1,109) Ба дунёи фаромушй Шуморо афканданд, Валекин модари он шоири гайбдон зиндаст. (1,95)
Байт. Ба маънои аслй ду мисраи шеър act: Ба рун санги кабри хоксоре Чунин хак гашта байти обдоре. (1,317)
Лоик дар чанд маврид дар асоси ташбехи рушану зебо «байт»-ро ба маънои мачозй истифода кардааст. Вожаи мазкур ба ду маъно дар як мисраь мсояд: Агар байти ду абруят набуд, байте намегуфтам, Агар девони асрорат набуд, девона мемурдам. (2.234) Бех набуд аз хонаи бебому дар ашъори ман, То чу байти абруят байти пазирое надошт. (2,151)Ту шеъри Саъдй мехондию ман руи ту медидам, Ман аз хар байти Саъдй байти абруи ту медидам.( 1.702)1
Дар мисоли зер «руи когази руят» дйр таносуб маънои ибораи мачозии «байти буса»-ро рушан кардааст: Чи хушбахтам, агар як байти буса Ба руи когази руят нависам.(2,611)
Лоик. Вожа ба ду маъно корбаст шудааст:!) ба маънои аслии вожа, ки арзанда, сазовор гуфтан аст, чунончи: Сари гахвораам биншаста ёрон Бароям номи лоик дуста буданд.( 1,271) То дурангй накунам дар рохи ишк, Ба гами ошики лоик зоданд.( 1,694) Тамоми умр чуй лоики худро дар ин дунё, Наёбй бар мазоки хештан лоиктаре аз ман.(2,434); 2) ба вазифаи исми хос - номи шоир аксар дар байтхои тахаллусй омадааст. Шоир ин ду
маъноро хампахлу низ меорад: Гар тарки сабу кардй. бус набарй аз ишк,

Гар май нахурй, Лоик, кай лоики давронй? (1,698)
Дар боло лугати сермаъноро, ки, аз назари мо, дар назми шоир серистеъмоланд васеътар шарх додем.
Тахлили мавод собит менамояд, ки доираи лугати полисемй дар мероси адабии Лоик хеле доманадор аст. Бо максади муназзамии маводи тахлилй ва осон кардани дарёфти калимахои сермаъно минбаъд онхоро аз руи тартиби алифбо гузошта шарх медихем.
Алам. Дар байти зер дар мавриди аввал ба маънои андух, дар мавриди
1 Вожаи «байт» ба маънои омошімн низ молик аст, ки дар ин бора дар боби дуюм сухан меравад.

Рекомендуемые диссертации данного раздела

Время генерации: 0.138, запросов: 967