+
Действующая цена700 499 руб.
Товаров:
На сумму:

Электронная библиотека диссертаций

Доставка любой диссертации в формате PDF и WORD за 499 руб. на e-mail - 20 мин. 800 000 наименований диссертаций и авторефератов. Все авторефераты диссертаций - БЕСПЛАТНО

Расширенный поиск

Лексические особенности языка поэзии Камола Худжанди

Лексические особенности языка поэзии Камола Худжанди
  • Автор:

    Мирмухамедова, Максуда Баротовна

  • Шифр специальности:

    10.02.22

  • Научная степень:

    Кандидатская

  • Год защиты:

    2012

  • Место защиты:

    Худжанд

  • Количество страниц:

    151 с.

  • Стоимость:

    700 р.

    499 руб.

до окончания действия скидки
00
00
00
00
+
Наш сайт выгодно отличается тем что при покупке, кроме PDF версии Вы в подарок получаете работу преобразованную в WORD - документ и это предоставляет качественно другие возможности при работе с документом
Страницы оглавления работы
"
Боби 1. Таркиби лугавии ашъори Камоли Хучандй аз руйи баромад 
1.2.1.1. Истилохот ва калимахои ирфониву динй


МУНДАРИЧД
Мукаддима

Боби 1. Таркиби лугавии ашъори Камоли Хучандй аз руйи баромад

1.1. Калимахои аслии точикй

1.2. Калимахои икгибосй

1.2.1. Калимахои икгибосии арабй

1.2.1.1. Истилохот ва калимахои ирфониву динй

1.2.1.2. Калимахои икгибосии туркию му гул й

1.2.1.3. Калимахои икгибосии лотинй, юнонй ва хиндй

Боби 2. Кдбатхои лугавию маъноии ашъори Камоли Хучандй

2.1. Калимахои сермаъно (полисемй)


2.1.1. Мавкеи метафора, метонимия ва синекдоха дар лексикаи
ашъори Камоли Хучандй
2.2. Калимахои омонимй
2.3. Калимахои синонимй
2.4. Семантикаи таркибу иборахои фразеологй
Хулоса
Фехрасти адабиёт

МУЇ^АДДИМА
Мухимияти мавзуъ. Забони адабии точик аз кухантарин забонхои гурухи эронист, ки давраи дурударози таърихиро аз cap гузаронидааст. Ин забои дар дарозои таърих тадричан такомул ёфт ва пурбору суфта гардид. Дар осори забоншиносй таърихи инкишофи забони точикии форсй (ё форсии точикй) дар се давра такеимбандй шудааст: забони форсии точикии кухан (аз аввалхои хазорсолаи дуюм то асри IV - III пеш аз милод), забони форсй-точикии давраи миёна (аз асрхои IV - III псш аз милод то VIII - IX милод) ва забони форсии точикии нав (аз асрхои VIII - IX то замони мо) (II. 102,10-30; II. 103,281-282; 11.104,3-10; 11.125,8-9).
Крбили зикр аст, ки солхои охир ба ин таснифот давраи нави инкишофи забони точикй (аз соли эълони истиклолияти Думхурии Точикистон - соли 1991 то рузхои мо) аз чониби забоншиносони точик пешниход гардидааст, ки ба вазъи амалкарди забони точикй ба сифати забони давлатй чавобгу мебошад (11.93,13-14).
Забон ва фарханги мардуми точик дар ин давраи мадиди таърихй борхо дар садади таъсир, тороч ва харобкории ачнабиён карор гирифта, муковиматпазирии худро собит намудааст. Махз бо устувории фонди лугавй ва сохтмони грамматикии худ забони точикй дар арсаи муборизаи мафкуравй ва бархурди фархангхову акоиди динй пируз мегардид. Забону фарханги юнонихо, арабхо, мугулхо ва русхо дар тули таърихи беш аз 2000-сола натавонист пояи барчои фархангу забони точикиро барканад ва хастии онро бархам занад. Махсусан, Осиёи Миёнаро истило кардани арабхо, ки дар давраи нави инкишофи забони точикй сурат гирифт, ба забону фарханги точикй мусибатхои зиёд овард. Аз осори таърихй бармеояд, ки дар натичаи чангхои шадид ва тулонии соли 715 арабхо Мовароуннахрро тахти тасарруфи худ дароварда, дини исломро бо зарби шамшер пахн намуда, забони арабиро хамчун забони дину давлатй барон мардуми точик тахмил карданд. Истилогарон чахди зиёде карданд, то осори пешинаи фархангу забони точиконро аз байн бардоранд. Дар он замон нигориши осори илмиву адабй ва динй бо
забони точикй комилан эълон гардида буд. Изофа бар ин, онхо сдгорихои хаттии гузаштагони моро ба коми оташ кашиданд ва дар нобуд сохтани тамаддуни асили ориёй даст ба зурй заданд.
Танхо дар нимаи дуюми асри IX дар натичаи шиддат гирифтани муборизаи истикдолхохй вазъияти бухронй тагйир ёфт ва заминає барон пешрафти фарханги худй дар Хуросону Мовароуннахр падид омад. Дар натича аввал давлати Тохириён (821-873), пас давлати Саффориён (873-903) ва нихоят давлати Сомониён (875-999) ба вучуд омаданд, ки дар ташаккули халкд точик сахми босазо гузоштанд.
Забони мардуми точик, ки онро «забони дарй», «форсии дарй» ва ё «форсии точикй» меномиданд, аз тарафи амирони Сомонй химоя карда шуд ва хамчун забони давлатй чойгохи худро ёфт. Шоирону олимон асархои хешро бо ин забон таълиф кардан гирифтанд. Бо забони дарй (точикй) поя ва асоси адабиёти классикии форсу точик гузошта шуд, ки намояндагони барчастаи оп Абуабдуллох Рудакй, Шахиди Балхй, Абулдосими Фирдавсй, Абуалй Сино ва хамзамонони эшон буданд.
Дар давраи Сомониён забони форсии точикй, махсусан, дар сохаи назм ру ба шукуфой овард. Дар дарбори Сомониён бо забони арабй низ шеър мегуфтанд, вале забони форсии точикй навдни муассиртар дошт.
Аз даврони Сомониён то асри XX дар сохти грамматикии забони точикй, ба вижа дар забони назм, тагйироти чиддие ба амал наомад. Ин далели когеь ба устувории сохти грамматикии забони точикй мебошад. Осори Устод Рудакй ва Фирдавсй имруз низ аз лихози сохт ва мазмун ба хамагон фахмо буда, тозагиву таровати худро нигох доштаанд. Агар забони арабиро забони салиси Б^уръон то ба имруз равон нигох дошта бошад, пас, бешубха, забони назми оламшумули точикй асолати забони моро хифз намуда, то ба имруз бегазанд расонидааст.
Тахкик ва баррасии арзишхои лугавию семантикии забони осори шоирон собикди таърихй дорад. Дар тазкираву баёзхо, лугатномаву шарххо ва рисолахои марбут ба саньати сухан дар шарху тавзехи забони

аз хисоби забони арабй таркиби лугавии моро гани гардондан аз байн рафта буд. Тавре дар ofo3h ин фасл таъкид намудем, барон ба мартабаи баланд расидани забони тодикй шоирони номвари мо хидмати шоиста ва арзишманд карданд. Он бузургмардон дар осори илмиву адабии худ калимахоеро мавриди истифода кдрор доданд, ки дар забони зиндаи халк, мавриди истифода буданд. Изофа бар ин, хикмати мардумй ва захираи калимахои тозаи тодикиро ба шеър ва осори насрии худ ворид намуда, ба забони мо рухи кдвмй ва миллй бахшиданд.
Нахустин калимоте, ки тодикон аз арабхо вом гирифтанд, калимоти истилохи дини ислом ва вожахои куръонй буданд. Калимахои «тахорат», «рамазон», «имом», «муаззин», «азон», «хадис», «сура», «оят», «каломуллох», «закот» ва назири инхо дар забони тодикй пас аз кабули ислом дохил гардиданд. Дар ин муковимати мафкуравй забони тодикй ба шарофати мардумй ифтихорманди худ дар му ко б или забони арабй истодагирй кард. Аз ин дост, ки тодикон ба дои калимаи «салот»-и арабй вожаи тозаи «намоз»- и гушнавози тодикиро тардех доданд ва ба дои «рамазон» «руза»-ро истифода бурданд. Хднгоми истикболи забони арабй тодикон калимахоеро пазируфтанд, ки ба хосият ва ниёзи забони тодикй аз лихози талаффуз ва маъно мувофик омаданд. Масалан, Камоли Худандй калимаи «мадоз»-ро, ки бар вазни «намоз», «ниёз», «дароз» аст, барон истифода пазируфтааст.
Таърихи таъсири забони тодикй ба забони арабй ва, баръакс, бардошти забони арабй аз забони мо дароз аст. Родеъ ба ин мавзуъ метавон маълумоти муфассалро дар навиштахои донишмандони тодик дарёфт кард (11.20; 11.54; 11.127, 8-15 ва г.).
Вуруди калимахо ва иборахои арабй ба таркиби лугавии забони
ашъори Камоли Худандй махсусиятхои худро дорад. Хусусан, дар
касидахои Камоли Х,удандй мисли дигар касидасароён истифодаи
фаровони калимот ва ибороти арабй ба назар мерасад, зеро ин шакли
шеърй ниёз ба корбурди ин кабил вохидхои забонй мебошад. Бамавкеъ
ва дуруст истифода бурда тавонистани калимаву таъбирхои забони

Рекомендуемые диссертации данного раздела

Время генерации: 0.269, запросов: 967