+
Действующая цена700 499 руб.
Товаров:
На сумму:

Электронная библиотека диссертаций

Доставка любой диссертации в формате PDF и WORD за 499 руб. на e-mail - 20 мин. 800 000 наименований диссертаций и авторефератов. Все авторефераты диссертаций - БЕСПЛАТНО

Расширенный поиск

Персидская поэзия периода исламской революции

  • Автор:

    Расулов, Алидод Бобоевич

  • Шифр специальности:

    10.01.03

  • Научная степень:

    Кандидатская

  • Год защиты:

    2004

  • Место защиты:

    Душанбе

  • Количество страниц:

    145 с.

  • Стоимость:

    700 р.

    499 руб.

до окончания действия скидки
00
00
00
00
+
Наш сайт выгодно отличается тем что при покупке, кроме PDF версии Вы в подарок получаете работу преобразованную в WORD - документ и это предоставляет качественно другие возможности при работе с документом
Страницы оглавления работы

ЧУМХУРИИ ТОЧИКИСТОН
донишгохи ДАВЛАТИИ МИЛЛИИ ТОЧИКИСТОН
ШЕЪРИ ФОРСИ ДАР ДАВРАИ ШЩИЛОБИ ИСЛОМИ
10.01.03- Адабиёти халкдои мамолики хорида (адабиёти Эрон)
Рисола
барон дарёфти дарадаи илмии номзади илмх,ои филология
Ба х,укми дастнавис
Расулов Алидод Бобоевич
Рохбари илми: номзади илмх,ои филология, дотсент Сафаров Умар
ДУШАНБЕ
МУ НДА Р И Ч,А
Мукаддима
БОБИ І вазъи шеъри форсй пеш аз Инкилоби исломй
а) Нигохе ба шеъри суннатии форсй
б) «Шеъри нав» ва дараёнхои он
БОБИ II Заминахои адабй- эстетикй ва фикрии шеъри Индилоби
исломй
а) Заминахои адабй - эстетикй ва фикрй
б) Тамоюлхои адабй
БОБИ III Вижагихои шеъри Инк,илоби исломй
а) Жанрхои шеърй ва хусусияти онхо
Базал
Маснавй
Рубой
Дубайтй
Чахорпора
«Шеъри нав»
б) Инъикоси дастовардхои Инкдлоби исломй дар шеър
Хулоса
Руйхати адабиёт

МУКДЦДИМА
Инкилоби исломй, ки соли 1979 дар Эрон ба вукуъ пайваст, тамоми аркони ичтимоъро мутазилзил сохт. Ин инкилоб дар асл як инкилоби фархднгй буд. Мах,зи хотири ин кабл аз хама дар риштаи фархангу тамаддуни эронй дигаргунихои зиёдеро ба бор овард. Шеър, ки яке аз рукнхои пешраву боризи фарханги эронй ба шумор меравад, мусаллам аст, ки аз ин инкилоб таъсири зиёде гирифт.
Омузиши вазъи адабии давраи мавриди назар ва умуман карне, ки ба охир расид, аз вазифахои мухимми илми адабиётшиносии муосир ба шумор меравад. Аз чумла, муайян намудани бехтарин дастовардхо, чанбахои сиёсиву идтимой, заминахои адабй, эстетикй, фикрй ва хусусиятхои асосии осори адабии он ахамияти бузурги илмй дорад.
Дар бораи адабиёти ин давра ва хусусиятхои он фикру мулохдзахо хануз аз хамон давра, яъне аз замони Инкилоби исломй замина гирифта, хамчунин тадкикоту пажухишхои хубе перомуни вазъи шеъри форсй, мазмуну мундарича, колабхои роич ва баъзе аз дигар вижагихои он ба итмом расидааст. Омузиши шеъри давраи Инкилоби исломй дар Эрон ва хам дар эроншиносии чахон аз солхои 80-уми асри гузашта шуруъ шудааст. Аммо бояд ёдовар шуд, ки ин омузиш дар даврахои аввал ба шакли маколахо ва гузоришхо ба миён омада буд, ки доираи бахси онхо як ё ду-се мавзуи шеъри давраи мавриди назарро дар бар мегирифту бас. Аз чумла, дар маколахои Мучтабо Даводиниё «Нигохе ба Инкилоби исломй» (71), Еуломризо Кофй «Нигохе ба тахаввули сабки шеър дар Инкилоби исломй» (71), Чдлил Тачлил «Вижагихое аз шеъри Инкилоби исломй» (108), Абулкосим Родфар «Дигаргунихо ва вижагихои адабиёти Инкилоби исломй дар як нигох» (108), Гуломалии Хдддоди Одил «Сухане перомуни мохняти адабиёти Инкилоби исломй» (108) ва гайра.

ва равобити ичтимой фосид аст, фархангу тарбияту масири харакат ва рухиву сиёсиву ик,тисодии чомеа ру ба фасод аст, битавонем умедвор бошем, ки инсонхои соле?; дошта бошем, чунин чизе мумкин нест»(106, 47).
Дар ин сурат зарурати дигаргун сохтани чомеа пеш меояд, чомеае, ки дар хакикат битавонад ин хама фасодиро пушти по зада дар пай густариши арзишхои асили фархангу тамаддуни хеш бикушад. Онхо ин сохтро танхо дар чомеаи асили исломй, ки дорои арзишхои бузурги фикриву маънавй ва фархангй аст, медиданд.
Тавре ки маълум аст, сахми ин шахсиятхо дар бедорй ва худогохии мардум, мубориза зидци гарбгарой ва дар пай сохтани як чомеаи исломй, ки окибатулумр баъд аз пирузии Инкилоби исломй бо руи кор омадани хокимияти исломй дар Эрон анчом ёфт, хеле бузург аст. Ба ин манзур дар ин кисмат мо саъй менамоем, ки мухимтарин ва хассоситарин осори ин шахсиятхоро, ки марбут ба мавзуъхои мавриди назаранд, матрах созем.
Алии Шариатй пеш аз он, ки хохони як ислохоти ичтимоии ислом буд ва ин идеяро дар осори худ матрах месохт, хамчунин як донишманду мутафаккири бузурге низ буд, ки осори зиёде перомуни илохишиносй, фархангшиносй ва чомеашиносй ба ёдгор гузошт.
Вай аз хамон давраи нахустини фаъолияти худ ба таблигу нашри фархангу вокеатхои хакдкии исломй машгул шуда буд. Хднгоме ки дар муассисаи динии «Хусайнияи иршод» ба маърузахои илмиву мазхабй пардохт, хамчун як шахсияти бузург миёни чавонон, ки дар солхои 70-80-уми мелодй пешбарандаи чунбишхои сиёсй махсуб мешуданд, маъруфияти бештаре касб кард. У бар ин андеша буд, ки ислом новобаста аз он ки зери фишори фархангй гарби карор дошт, метавонад масоили сиёсй ва мухимми замонаро хал намояд.
Алии Шариатй неруи исломро дар сохтани чомеа хеле боло медонист. Вай хидмати умумиинсонии исломро, пеш аз хама, дар он

Рекомендуемые диссертации данного раздела

Время генерации: 0.118, запросов: 967