+
Действующая цена700 499 руб.
Товаров:
На сумму:

Электронная библиотека диссертаций

Доставка любой диссертации в формате PDF и WORD за 499 руб. на e-mail - 20 мин. 800 000 наименований диссертаций и авторефератов. Все авторефераты диссертаций - БЕСПЛАТНО

Расширенный поиск

Тазкира "Нусхаи зебои Джахонгир" Мутриби - источник к изучению литературной жизни Мавераннахра и Индии, XVI - начало XVII вв.

  • Автор:

    Акрамов, Файз Махрамович

  • Шифр специальности:

    10.01.06

  • Научная степень:

    Кандидатская

  • Год защиты:

    1998

  • Место защиты:

    Душанбе

  • Количество страниц:

    140 с.

  • Стоимость:

    700 р.

    499 руб.

до окончания действия скидки
00
00
00
00
+
Наш сайт выгодно отличается тем что при покупке, кроме PDF версии Вы в подарок получаете работу преобразованную в WORD - документ и это предоставляет качественно другие возможности при работе с документом
Страницы оглавления работы

МУНДАРИЧА
Мукаддима
БОБИ 1.
Вазви хаети сиесию ичтимой ва адабию мадании замони
Мутрибй дар Мовароуннахр ва Хинд
БОБИ 11.
Чараени зиндагии Мутрибй ва мероси адабии У:
а)тарчумаи холи адиб;
б)мероси адабии У;
в)Мутрибй хамчун шоир
БОБИ Ш.
Таркибу мундаридаи “Нусхаи зебои Чахонгир” ва
мукоисаи он бо “Тазкират-уш-шуаро”- и муаллиф
БОБИ 1У.
Тазкираи “Нусхаи зебои Чахонгир,’-сарчаишаи омУзиши муносиботи адабию фархангии Мовароун-нахру Хинд (асри ХУ1 ва ибтидои асри ХУ11):
а) ахбори “Нусхаи зебои Чахонгир” дар бораи муносиботи адабию фарханги;
б) маьлумоти иловагии “Тазкират-уш-шуаро”-и Чахонгир доир ба муносиботи адабй
Хулоса
Руйхати адабиети истифодашуда
МУКАДДИМА
Асри ХУ 1 яке аз даврахои бисёр чолиби таърихи адабиёти форсу точик мебошад. Аз ин чост, ки асархои зиёди тадкикотй, фаслу бобхои алохидаи китобхо ва маколахои илмй ба омУзишУ тадкихоти масъалахои гу ногу ни адабиёти ин давр бахшида шудаанд.
“Намунаи адабиёти точик”-и устод Садриддин Айнй нахустин асарест, ки дар бораи иддае аз адибони асри ХУ1 маълумот додааст (3).
Соли 1947 А.Н. Болдырев оид ба хаёти адабии шахри Хирот дар асри ХУ ва ибтидои асри ХУ1 китоб таълиф намуд (15,313 - 422).
Соли 1948 “Адабиёт” ном китоби олими шинохта А. Мирзоев нашр мешавад, ки муаллиф дар он аввалин бор ба маълумоти сарчашмахои мУътамади асри ХУ1 такя кардааст (42,2-42). У дар ин асар ба таври мухтасар аз хусуси хаёт ва фаъолияти адибони барчастаи асри ХУ1-Хилолй, Восифй, Хасанхочаи Нисорй ва Мушфтщй маълумот медихад.
Адабиётшинос X. Мирзозода соли 1950 “Материалхо аз таърихи адабиёти точик” ном китобе нашр намуд, ки он дар бораи адибони маъруфи ин аср-Хилолй, Восифй ва Мушфидй маълумот медихад (47,3-60).
Соли 1954 бо номи “Адабиёти точик” китоби дарсй барои синфи IX нашр шуд. Дар ин китоб боби махсус ба адабиёти асри ХУ1 бахшида шудааст. Боби мазкур аз тарафи А.Н. Болдырев ва К. Айнй таълиф гардид, ки он дойр ба вазъи сиёсй, маданию адабии ин аср ва хаёту эчодиёти Хилолй, Восифй ва Мушфихй маълумот медихад (16,49 - 99).
Дар тадхиху омУзиши адабиёти асри ХУ1 баъди солхои панчохум давраи нав шурУъ шуд. Дойр ба масъалахои гуногуни адабиёти асри мазкур тадхихоти арзандае аз чониби адабиётшиносон
ба анчом расонида шуд. Яке аз онхо асари А.Н. Болдырев “Зайниддин Восифй” буд (17). Муаллиф ин асарро баъди омузиши дакики “Бадоеъ-ул-вакоеъ”- и Восифй, “Музаккир-ул-ахбоб”-и Нисорй ва “Хабиб-ус- Сияр”-и Хондамир таълиф намуд.
Соли 1959 адабиётшинос К.Айнй монографияи худ “Бадриддин Хилолй”-ро напхр кард (5).
Дар асари машхури “Точикон”-и Б. Гафуров оиди хаёти адабию мадании асри ХУ1 ва хусусан намояндагони маъруфи он-Биной, Восифй, Хилолй ва Мушфикй маълумоти чолиби диктат оварда шудааст (70, 549 - 559).
Соли 1978 “Мушфикй” ном монографияи Зохир Ахрорй нашр шуд (11). Тайр аз ин, оид ба ду сарчашмаи мухими адабиёти асри ХУ1 чанд маколахо нашр шудаанд. Яке аз онхо махолаи Р.Мукимов ва Б. ВалихУчаев “Чанд сухан оид ба як тазкира буд (48,150 -153). Баъдтар А. Мирзоев ба ин махола тахти унвони “Баъзе хайдхо оид ба як махола” чавоб навишта камбудихои муаллифонро нишон медихад (44, 110-117).
Дар тадкихи тазкираи Нисорй якчанд махола; махолаи А.Н. Болдырев’’Тазкираи Хасани Нисорй хамчун маъхази тоза дар омУхтани хаёти мадании Осиёи Миёнаи асри ХУ1 (14,219-293), махолаи К.Айнй “Тазкираи Хасани Нисорй ва нусхахои он” (4,37-42) ва махолахои У. Назиров “Нисорй ва тазкираи у “Музаккир-ул-ахбоб”, “Ахамияти тазкираи Нисорй дар омУхтани адабиёти асри ХУ1 точик”, “Тазкираи Нисорй” ва “Мутрибии Самархандй” нашр шуд (50,127,- 42; 52, 220-232). Мавхеи ин маколахо дар омузиши адабиёти ин давр намоён аст.
Баъдтар А.Н. Болдырев матни илмию интиходии шохасари асри ХУ1-”Бадоеъ-ул-вахоеъ” -ро дар асоси 31 нусхаи хаттй тартиб медихад. Ин асар дар ду чилд, аввал дар сислсилаи серияи бузурги “Ёдгорихои адабии халххои Шарх” дар Маскав ва дертар бо баъзе

Дар варакаи 163а рубоии Мавлоно Дайратй ворид шудааст. Аммо котиб мисраи сеюми рубоиро хат зада, тарзи дурусташро дар хошия ба тарафи рости матн кучонидааст. Рубой чунин аст:
Сад дог 6а дил бе гули рУят рафтам,
Хунобафишон дар орзуят рафтам Чун шамъ зи cap гузашта суят рафтам,
Курбони сарат шудам зи куят рафтам.
Ин гуна мисолхо дар дастхат бисёр аст. Ба гуфти академик Мирзоев А. "... ин василаи ночур бастаи калам ва зодаи табъи котиби берахм аст” (102,2).
Шояд худи котиб, яъне Мухаммад Амин хатогихои худро дар назар дошта ё хоксорй карда чунин байтро дар охир овардааст:
Ба ёдгор навиштам ман ин китобатро,
Вагарна ин хати ман лоики китобат нест (99,2416).
Тазкира бо чунин рубоии Мутрибй ба анчом мерасад:
Сад шукр, ки ин нома ба итмом расид,
В - огози китоби мо ба анчом расид,
Накше, ки муроди Мутрибй буд ба дахр Омад зи паси пардаи айём падид (хамон чо, 2416). мутрибй хам чу а шоир. Баъди омузиши тазкирахои Мутрибй ба чунин хулоса омадан мумкин аст, ки У дар тамоми анвои шеърии замони худ кувваозмой намудааст. Шояд муаллиф девони ашъори худро тартиб дода бошад, аммо мутаассифона дар тазкирахои У ва дигар сарчашмахои адабию таърихй аз ин хусус махлумот вучуд надорад. Ба таври пароканда бошад хам, мо ба осори манзуми Мутрибй танхо аз тартщи тазкирахои У ошно шуда метавонем.
“Мутрибй ба муносибатхои гуногун дар “Тазкират-уш-шуаро” аз осори манзуми худ 31 газал (150 байт),1 касида (10 байт), 12 марсия (96 байт), 1 рубой, 1 китъа (5 байт), 1 мухаммас (7 банд) (хамагй 280 байт) мисол овардааст” (28, 105). Дар тазкираи “Нусхаи зебои

Рекомендуемые диссертации данного раздела

Время генерации: 0.109, запросов: 967