+
Действующая цена700 499 руб.
Товаров:
На сумму:

Электронная библиотека диссертаций

Доставка любой диссертации в формате PDF и WORD за 499 руб. на e-mail - 20 мин. 800 000 наименований диссертаций и авторефератов. Все авторефераты диссертаций - БЕСПЛАТНО

Расширенный поиск

Вопросы поэтики газелей Фарид ад-дина Аттара

  • Автор:

    Низомов, Мухриддин Зайниддинович

  • Шифр специальности:

    10.01.08

  • Научная степень:

    Кандидатская

  • Год защиты:

    2002

  • Место защиты:

    Душанбе

  • Количество страниц:

    208 с.

  • Стоимость:

    700 р.

    499 руб.

до окончания действия скидки
00
00
00
00
+
Наш сайт выгодно отличается тем что при покупке, кроме PDF версии Вы в подарок получаете работу преобразованную в WORD - документ и это предоставляет качественно другие возможности при работе с документом
Страницы оглавления работы

МУНДАРИДА
МУКАДДИМА
Б о Б и і. Газал дар эдодиёти Аттор
1. Суннатхои газалсарой то замони Аттор
2. Газалиёти Аттор ва такомулоти жанрии онхо
Б о Б и п. Вазн ва цофия дар газалиёти Аттор
1. Вазни газалиёти Аттор
2. Кофии ва радиф дар газалиёти Аттор
2Л. Кофия дар газалиёти Аттор
2.2. Радиф ва накдни он дар газалиёти Аттор
БОБИ III. Хусусиятхри бадеии газалхои Аттор
1. Газалиёти ирфонй ва рамзиёти бадей
2. Тасвирхои айнию вокей ва бадеиёти онхо
X У Л О С А
КИТОБНОМА
МУЦАДДИМА
Мухимияти мавзуъ. Омузиши масъалахои поэтикаи шеъри форси -точикй дар шароити кунунй аз масоили мубрам ва рузмарраи адабиётшиносон мебошад. Перомуни масоили умумии поэтика дар мархдлахри муайяни таърихй тахкикоти зиёде анчом ёфта бошад хам, поэтикаи эчодиёти адибони алохида кам тадккик, шуда, ашъори шоирони ориф аз назари мухаккикон дур мондааст. Таърихи пайдоиш ва инкишофи жанрхои адабй, аз чумла газал,тахаввули поэтикаи он, новобаста аз тадкикоти зиёди олимони бумиву хоричй, пажухиши дакик ва чамъбасткунандаро так,озо мекунад. Олими маъруфи рус М.М.Бахтин таъкид кардааст, ки жанр шакли ягонаи композитсионй ва архитектоники махсуб мешавад ва дар бораи тамоюли ягонаи дутарафаи он бахс намудааст, ки дар он(жанр-М.Н.) хадаф(объект)-и эстетики ва зохири асар бо хам пайваст мешаванд. Аз ин ру, махз "жанр баёни хосу комили адабй, илова бар ин, вокеан комилу тамомиятёфта аст, пас, маълум мешавад, ки асоси поэтикаро жанр ташкил мекунад"( 174,328). Аз ин мавкеъ омузиши масоили асосии поэтика дар доираи эчодиёти шоирони алохида бехтар сурат мегирад ва ин имкон медихад, ки татбики масоили назарй дар амал санчида шуда, ба баъзе мавозину маъойир тачдиди назар шавад.
Шайх Фаридудцин Мухаммад ибни Абубакр Аттори Нишопурй аз
шоирон ва урафои сохибэътибори нимаи дуюми асри XII ва ибтидои
асри XIII аст, ки дар радифи ридоли бузурги ирфону адабй форсй-тодикй шухрати чахонй дорад. Ин орифи комил бо эдоди осори мутааддиди манзум, аз чумла маснавию рубой, касоиду тарчеот ва махсусан газалиёти дилангез хазинаи адабиёти форс-точикро ганй гардонидааст.
Агарчи перомуни пахлухои мухталифи рузгору осори Аттор асару маколахои судманде таълиф ёфтаанд, газалиёти у, бахусус масоили
поэтикаи газалиёти шоир мавриди тахкики чидл.й карор нагирифтааст. Яке аз авомили камтаваччухии олимон ба поэтикаи газалиёти шоир шояд машраби суфигии у ва маърифати мохият ва вазоифи шеър аз мавкеи ирфон бошад. Зеро назари Аттору Мавлавй барин орифон ба шеъру шоирй дар мавриди таъриф ва мохияти шеър наздик ба кавли хукамо буд ва мисли онхо асоси шеърро тахайюл (маънй) медонистанд ва аносири шаклии он (арузу кофия) назди онхо кам эътибор дошт. Чунончи, донишманди зиндаёд Абдулхусайни Зарринкуб дар ин бора навиштааст: «Назди касоне, мисли Аттору Мавлавй, ки асхоби сукр буданд, шеър ба мафхуми хукамо наздик буд, ки онро баёни хавотир ба сурати хаёлангез таъриф менамуданд. Ин тоифа мавозеот ва таколифи удаборо ба чизе намешумурданд ва хангоми зарурат аз накзулатви онхо ибое надоштанд. Арузу кофияро барои санчидани маънй вофй намедонистанд ва бинобар ин, дар накду шинохти шеър мутобеат аз кавоидро лозим намешумурданд» (243, 422).
Шояд ба хамин сабаб аст, ки дар асархои назарии адабиётшиносони асримиёнагй, ба чуз чанд нуктаи танкидй, дойр ба мухассаноти суварй ва бадеии ашъори хеч яке аз шоирони ориф сухан ба миён наёмада ва хатто кариб, ки шавохиди шеърй аз эчодиёти онхо оварда нашудааст. То солхои наздик адабиёшиносону ховаршиносон ба омузиши поэтикаи шеъри суфия эътибори чиддй надодаанд ва агар годе баъзе масъалахои поэтикаи шеъри суфия мавриди тахкик карор гирифта бошад, дар радифи шоирони дигар шеъри онхо хам ба доираи бахс кашида шудааст, ки чандон конеъкунанда нест.
Хдтто дар мавриди арзёбии мухассаноти адабй ва аносири шаклии шеъри суфия машраби ирфонй ва андешахои рочеъ ба шеър доштаи онхо ба хайси меъёр хизмат кардаанд. Чунин муносибатро ба тазалхои Аттор низ мушохида кардан мумкин аст. Аз чумла, Дориюши Сабур дар мавриди баррасии кофияхои дохилии шеъри Аттор менависад: «Агарчи наметавон макоми ин шоиронро бо таваччух ба шеваи андешае, ки дар

Аттор дар замони зиндагиаш девони худро тартиб дода будааст. Дар хамин мукаддимаи «Мухторнома» омадааст: «Ва ин ду мусаллас, ки аз Аттор ёдгор монад: яке «Хусравнома» ва дигаре «Асрорнома» ва дигар «Мадомоти туюр» ва дувум «Девон» ва «Мусибатнома» ва «Мухторнома». Атри ин ду мусаллас дар мусаммани хашт фирдавси мураббаъ нишони ало сирар мутакобилин» 207, 81). Бори дигар номбар шудани девон дар мукаддимаи «Мухторнома» фикри болоро таъйид мекунад.
Ахбори бисёр мухим ва кобили мулохдза дар маснавии «Хусравнома» омадааст, вале кабул намудани он, бо сабаби бахрнок будани интисноби ин асар ба Аттор, душвор аст. Дар мукаддимаи «Хусравнома» дар баробари зикри осори Аттор доир ба касидаю газалхои у низ ишорати долибе хаст:
Зи гуфти ман, ки табъи оби зар дошт,
Фузун аз сад касоид хам зи бар дошт.
Газал курби хазору китъа хам низ
Зи хар навъе муфассал бешу кам низ(9, 40).
Чунон ки мебинем, дар ин до курби хазор газал гуфтани шоир кайд шудааст. Зикр кардан бамаврид аст, ки дар ин мукаддима асархои дигари Аттор, ки дар интисоби онхо ба шоир шаке нест, чун «Асрорнома», «Мантик ут-тайр», «Мусибатнома», «Илохинома», «Мухторнома» сабт шудаанд. Донишмандони факид Бадеьуззамон Фурузонфар ва Сайид Нафисй «Хусравнома»-ро дар катори осори мусаллами Аттор зикр намуда, ба мукаддимаи он диккати зиёде додаанд (207, 76, 312 716). Вале бо истиноди Ризо Ашрафзода (201 ;203) ва Зиёуддини Саддодй (252) нахустин мухаккике, ки доир ба мансубияти «Хусравнома» ба Аттор шубха намуда, бо далоили зиёд онро рад кардааст, Мухаммадризо Шафеъии Кадканй мебошад. Вай дар мукаддимаи нашрии «Мухторнома» исбот намудааст, ки «Хусравнома» ба хед вадх аз Аттори Нишопурй набуда, аз дигар Аттор аст (252, 56).

Рекомендуемые диссертации данного раздела

Время генерации: 0.097, запросов: 967